Июн 06, 2017 12:54 Asia/Dushanbe
  • Иҷлоси радио ва телевизионҳои Осиё дар Чин

Чаҳордаҳумин Иҷлоси радио ва телевизионҳои Осиё имрӯз бо ҳузури масъулон ва мудирони расонаии кишварҳои ин қорраи куҳан дар шаҳри Чингдао дар шарқи Чин кушоиш ёфт.

Ба иттилои Ирно, дар ин иҷлос намояндагони кишварҳои ширкаткунанда дидгоҳҳо ва барномаҳои худро барои тавсеаи шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ ва ҳамчунин иттилоърасонии мутақобил арза ва дар бораи масоили расонаӣ баҳсу табодули назар мекунанд.

Дар чаҳордаҳумин Иҷлоси радио ва телевизионҳои Осиё бо мавзуи “Расонаҳои пешрав тавсеаи ҷаҳон” қарор аст, бисёре аз масоил ва чолишҳои рӯзи дунё ҳамчун муҳити зист, таҳаввулот иқлимӣ, манобеи табиӣ, мавзуоти иқтисодӣ ва чолишҳои байналмилалӣ ва минтақаии кишварҳо ва нақши расона барои аз миён бардоштани онҳо баҳс ва баррасӣ шавад.

Ҳамчунин фанноварии расона ва телевизион, нақш расонаҳо дар тавсеаи дунё ва шакл додан ба равишҳои тавсеаи кишварҳо, нақш расонаҳо дар фақрзудоӣ ва кумак ба қишрҳои заиф ва эътои ҷавоизи телевизионии ҷаҳонии 2017 аз дигар мавзуоти ин иҷлос аст.

Алӣ Аскарӣ, раиси созмони садо ва симои Эрон ҳам дар ин иҷлос дар суханоне ба густариш ва нуфузи терроризм дар дунёи имрӯз ишора ва нақши расонаҳоро барои огоҳбахшӣ дар бораи ин падидаи шум ба ҷавомеи башарӣ муҳимм тавсиф кард.

Раиси созмони садо ва симои Эрон гуфт: Тарвиҷи сулҳ, дӯстӣ, ахлоқ ва мубориза бо динҳаросӣ аз вазоифи сангини имрӯзи расонаҳо ба шумор меравад, то ҳамзистии мусолиматомез ва ҳамдилонаи оҳоди ҷомеаи башарии мустақил аз ранг, нажод ва мазҳаб фароҳам шавад.

Муассисаи тавсеаи расонаҳои Осиё дар соли 1977 таъсис шуд ва ҳадафи асли он, тавсеаи кишварҳои узв аз тариқи омӯзиши муштарак аст.

 

Барчасп