Июл 16, 2016 17:08 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли такрори сенарияи Сурия дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз

Сергей Шойгу-вазири дифои Русия мегуяд, эҳтимоли такрори сенарияи Сурия дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз вуҷӯд дорад ва Маскав бояд барои бурӯзи чунин шароите омодагӣ дошта бошад.

Вазири дифои Русия аз эҳтимоли такрори сенарияи Сурия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Cергей Шойгу дар конфронси "натоиҷи низомӣ ва сиёсии истифода аз нерӯҳои мусаллаҳ дар Сурия ", гуфт, эҳтимоли даргирии ҷадид монанди сенарияи Сурия дар қаламрави кишварҳои Шуравии собиқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва Қафқоз вуҷӯд дорад.

Вай афзуд, монанди буҳрони Сурия метавонад дар ҳар кишваре, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз рух диҳад.

Шойгу таъкид кард, Русия дар ин шароит бояд аз омодагии лозим бархӯрдор бошад, то ба беҳтарин тарз амал кунад.

Даргирии мусаллаҳона дар Сурия аз марти соли 2011 бад-инсӯ идома дорад ва бар асоси гузориши Созмони милал дар ин даргириҳо беш аз 220 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Беш аз 10 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар ҷанги Сурия ширкат кардаанд.

Барчасп