Бурҷи Эйфел ба нишони ҳамдардӣ бо эрониён хомӯш мешавад
Шаҳрдори Порис аз хомӯш шудани чароғҳои бурҷи Эйфел дар нимаи шаби панҷшанбе ба нишонаи ҳамдардии Порис бо мардуми Эрон хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, он Anne Hidalgo- шаҳрдори Порис дар паёме дар сафҳаи Твиттери худ, дар вокуниш ба ҳамалоти террористии Теҳрон навишт: «нимашаби имшаб Эйфел барои ёдбуди қурбониёни ҳамлаи Теҳрон дар хомӯшӣ фурӯ меравад. Порис ва порисиҳо бо эрониён муттаҳиданд.»
Ҳамлаи террористии рӯзи чаҳоршанбе ба ҳарами Имом Хумайнӣ (раҳ.) ва Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар Теҳрон, 17 шаҳид бар ҷой гузошт.
Пас аз ҳамлаи террористии ду сол қабл дар Порис, эрониён дар баробари сафорати Фаронса дар Теҳрон ҷамъ шуда ва бо равшан кардани шамъ ва тақдими дастаи гул бо мардуми Фаронса, ибрози ҳамдардӣ карда буданд.