Июн 10, 2017 10:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти як мақоми амрикоӣ аз ҳамалоти террористии ДИИШ дар Теҳрон

Намояндаи иёлати Калифорния дар Маҷлиси намояндагони Амрико дар изҳороте пучу беарзиш аз ҳамалоти террористии ДИИШ дар Теҳрон ҳимоят кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Доно Руробекер дар нишасти Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико изҳор дошт, “ҳамалоти рӯзи чаҳоршанбеи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Теҳрон хушҳолкунанда ва ба нафъи Амрико буд”.

Ҳамалоти субҳи чаҳоршанбеи афроди вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон 17 шаҳид ва 52 захмӣ бар ҷой гузошт.

Ҳимояти ин намояндаи Конгресси Амрико аз иқдоми террористии ДИИШ дар ҳоле аст, ки бисёре аз сарон ва мақомоти кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамалоти террористии Теҳронро маҳкум карданд.

 Гурӯҳи террористии ДИИШ дар сол‎ҳои гузашта бо ҳимоят‎ҳои молӣ ва низомии Амрико ва муттаҳидони ғарбӣ ва арабии ин кишвар, аз ҷумла Арабистон, ҷиноёти фаровонеро дар кишварҳои минтақа, ба вижа Ироқ ва Сурия муртакиб шуда, аммо дар моҳҳои ахир бо истодагии ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли суқут аст.

 

Барчасп