Июн 10, 2017 16:57 Asia/Dushanbe
  • Дипломи беҳтарин китоби соли 2016 Маскав ба як асари эронӣ

Тарҷумаи русии достонҳои кӯдаконаи Шоҳнома, дипломи беҳтарин китоби соли 2016-и Ҷашнвораи китоби майдони Сурхи Маскавро дарёфт кард.

Ба гузориши ИРНА, ин китоб дар қолаби як маҷмӯаи достон навиштаи Муҳаммадризо Юсуфӣ аз Эрон аст ва Бунёди мутолиоти исломӣ ва интишороти “Садро” онро мунташир кардааст.

Бунёди мутолиоти исломӣ ва интишороти “Садро”, пештар дар соли 2011 бо китоби «Пажӯҳише дар таърихи Қуръон», дар соли 2012 бо китоби «Исо дар Қуръон ва ҳадис», дар соли 2013 бо «китоби Достонҳои қуръонӣ» ва дар соли 2014 бо китоби «Улуми қуръонӣ» дипломи беҳтарин китоби солро аз ҷашнвораи Маскав дарёфт кардааст.

Ҷашнвораи 2017 китоби Майдони Сурхи Маскав, панҷуми июн барои муаррифии беҳтарин китоби соли 2016 баргузор шуд.

 

 

 

Барчасп