Мухолифати мақоми аршади Миянмар бо вуруди СММ ба масъалаи Роҳингя
Аун Сан Су Чжи мегӯяд, вуруди Созмони Милали Муттаҳид барои баррасии нақзи ҳуқуқи башар аз сӯии артиши Миянмар танҳо ба танишҳои қавмиятӣ дар ин кишвар доман мезанад.
Ба гузориши “Хабаргузори донишҷӯёни Эрон” Аун Сан Су Чжи, мушовири аршади Ҳукумати Миянмар, ки ба Шветсия сафар кардааст, пас аз дидор бо Стефан Лёвен, нахуствазири ин кишвар гуфт, ин ҳайат ва таҳқиқоти онҳо дар Миянмар танҳо ба оташи ихтилофоти қавмиятӣ меафзояд. Аун Сан Су Чжии 71-сола гуфтааст, ки танҳо пешниҳодҳо аз сӯйи Комиссияи машваратии мустақил ба раёсати Кофи Аннан, дабири кулли пешини Созмони Милалро мепазирад.
Моҳи гузашта Созмони Милали Муттаҳид коршиносонеро барои баррасӣ ва таҳқиқот дар бораи иттиҳомоти густурда алайҳи артиши Миянмар мабнӣ бар нақзи ҳуқуқи мусалмонони Роҳингя, куштор, шиканҷа ва таҷовузи онҳо мансуб кард. Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише моҳи феврал эълом кард, ки нерӯҳои амниятии Миянмар дар амалиёте дар Рохин ба куштори дастаҷамъии мусалмонони Роҳингя ва таҷовузҳои гурӯҳӣ ба онон иқдом кардаанд, ки эҳтимолан ба унвони "поксози қавмиятӣ" муҳосиба мешавад. Ин гузориш аз сӯи комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал таҳия шуда ва бар асоси мусоҳибаҳо аз роҳингяиҳое буд, ки аз ин амалиёти низомӣ ҷони солим ба дар бурда ва ба Бангладеш фирор кардаанд. Беш аз 200 ҳазор мусалмони Роҳингя барои наҷоти ҷони худ аз ҳамалоти хунини буддоиёни ифротӣ ба Бангладеш гурехтаанд.