Ҷанҷол дар Амрико пас аз ифшои номи воқеии духтари Обама
Номи воқеии духтари Барак Обама, ҷанҷоле бузург дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ андохт.
Ба иттилои хабаргузории русии Спутник, зане ба номи Ашлӣ бо интишори паёме дар саҳифаи твиттерии худ фош кард, ки аз як соли пеш номи воқеии Саша Обама, духтари раисҷумҳури собиқи Амрикоро кашф карда буд .
Ашлӣ навиштааст, номи воқеии Саша, Наташа аст .
Интишори ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садо ба по кард, зеро Наташа номе русӣ аст ва дар ҳоли ҳозир бар сари равобити Доналд Трамп, раисҷумҳури феълии Амрико бо Русия, ҷанҷоле расонаӣ ва қазоӣ зидди Трамп ба вуҷуд омадааст .
Бисёре аз тарафдорони Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳони иблоғи ин мавзуъ ба давлати Амрико шуданд .
Ин дар ҳолест, ки мухолифони Трамп ба шухӣ навиштаанд, агар Трамп мутаваҷҷеҳи ин мавзуъ шавад, аз он ба унвони мадраке барои исботи ҳамдастии Обама бо Русия истифода хоҳад кард .