Июн 14, 2017 18:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи эътилофи амрикоӣ ба Раққа ва Мусил бо фосфори сафед

Созмони дидабони ҳуқуқи башар эълом кард, эътилофи байналмилалӣ ба саркардагии Амрико дар ҳамалоти худ дар Ироқ ва Сурия аз фосфори сафед истифода кардааст.

Ба иттилои Алъолам, Созмони дидабони ҳуқуқи башар эълом кард, ингуна мавод ба унвони таслеҳоти мамнуа ва ғайри қобили контрол, ба ҳеч ваҷҳ набояд дар ҳамла ба афрод ё маконҳое истифода шавад, ки дар он ғайринизомиён сокин ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Стив Госс, раиси воҳиди аслиҳа дар Созмони дидабони ҳуқуқи башар гуфт, муҳим нест, ки ба чи равише аз фосфори сафед истифода шуда, балки муҳим он аст, ки истифода аз он, хатаре ваҳшатнок ва тӯлонимуддат дар шаҳрҳои маскунӣ монанди Раққа ва Сурия ва Мусили Ироқ ё ҳар минтақаи пурҷамъияти дигар эҷод мекунад .

Стив Госс таъкид кард, нерӯҳои амрикоӣ дар Мусил ва Раққа аз фосфори сафед истифода карданд ва мушаххас нест, иллати истифодаи онҳо аз ин силоҳ чи будааст .

Пештар рӯзномаи амрикоии Ню-Йорк Таймс навишта буд, эътилофи амрикоӣ ба яке аз манотиқи шаҳри Раққа бо силоҳи фосфори сафед ҳамла карда ва дастикам 20 нафар аз шаҳрвандони суриро ба қатл расондааст .

 

 

Барчасп