Ашрафғанӣ: Сабри мардуми Афғонистон тамом шудааст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i18698-Ашрафғанӣ_Сабри_мардуми_Афғонистон_тамом_шудааст
Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар дидор бо Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҳаводиси террористии ахир дар Афғонистон, ба хусус дар Кобул сабри мардуми ин кишварро ба поён расондааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 15, 2017 04:21 Asia/Dushanbe
  • Ашрафғанӣ: Сабри мардуми Афғонистон тамом шудааст

Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар дидор бо Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҳаводиси террористии ахир дар Афғонистон, ба хусус дар Кобул сабри мардуми ин кишварро ба поён расондааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ашрафғанӣ бо ишора ба хатари терроризм ва созмонҳои ҷиноии террористии фароминтақаӣ, ки кишварҳои минтақаву ҷаҳонро таҳдид мекунад, гуфт: “Маъмурияти ҳайати СММ дар Афғонистон бояд ислоҳ шавад ва интизор дорем дар шаш моҳи оянда шоҳиди натоиҷи мусбат дар ин замина бошем.”

 Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ низ дар ин дидор зимни ибрози ҳамдарӣ бо давлату мардуми Афғонистон ба далели ҳамалоти террористии ахир дар ин кишвар, терроризмро душмани муштараки башарият хонду гуфт, Созмони Милали Муттаҳид аз барномаҳои давлати Афғонистон барои таъмини сулҳу субот ва ҳамчунин ислоҳот дар ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳимоят мекунад.

Ду тараф дар ин дидор ҳамчунин дар бораи мавзӯоти мухталиф, ба вижа сулҳ, субот, амният, мубориза бо терроризм ва масоили минтақаӣ ва мавриди алоқа баҳсу табодули назар карданд.

Бештари коршиносон муътақиданд, ки СММ дар солҳои гузашта дар анҷоми вазоифаш дар Афғонистон нотавон будаву бештар дар масири аҳдофи хоси кишварҳои қудратманд амал кардааст.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар сафаре эъломнашуда рӯзи чаҳоршанбе вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд.

Ин нахустин сафари Антонио Гутерриш ба Афғонистон аст.