Июн 16, 2017 11:57 Asia/Dushanbe
  • Арабистон ҳомии молии терроризм

Арабистон ҳомии молии тимҳои террористӣ аст ва аснод ва шавоҳиди зиёде вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, нафароти зиёде аз кишварҳои ҳамсоя ба муздурӣ гирифта шудаанд, то дар Эрон даст ба амалиёти террористӣ бизананд.

Вазири иттилооти ҷумҳурии исломии Эрон зимни баёни ин мавзуъ аз инҳидом тимҳои террористӣ дар устонҳои Систон ва Балучистон ва Курдистон хабар дод.

Эрон солҳост, ки ҳадафи иқдомоти террористӣ қарор гирифтааст ва ба ҳамин иллат зарурати муборизаи воқеӣ бо терроризмро ба дурустӣ дарк мекунад. Номгузории ҳаштуми шаҳривар дар тақвими Эрон ба унвони рӯз мубориза бо терроризм ёдовари ҳамин нуктааст.

Гурӯҳҳои террористӣ аммо дар солҳои ахир бо ҳимоят‎ҳои молӣ ва низомии Амрико ва Арабистон, ҷиноёти фаровонеро дар кишварҳои минтақа аз ҷумла Ироқ, Сурия ва Афғонистон муртакиб шудаанд.

Таҳаррукоти ҳафтаи гузаштаи аносури вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (р) дар Теҳрон, ки 17 шаҳид ва даҳҳо захми бар ҷо гузошт, буъди тозае ба ин таҳаррукоти террористӣ дод.

Вуқуи ҳамалотм террористӣ дар Теҳрон бо таваҷҷуҳ ба савобиқ ва нишонаҳои мутааддид аз нақш Арабистон дар ҳимоят аз терроризм, ангушти иттиҳомро мутаваҷҷеҳи Риёз кардааст.

Муҳаммад ибни Салмон, вазири дифои Арабистон чанде қабл дар мусоҳиба бо нашрияи Foreign Affairs, ноамниҳои минтақаро ҳосили идеалогияҳои бидуни марз- бесуботӣ-ва терроризми раҳошуда дар минтақа донист ва дар таҳдиде аланӣ гуфт: “Бесуботӣ ва ноамнӣ акнун бояд ба даруни марзҳои Эрон кашонда шавад”.

Ин изҳорот, дидгоҳи баста ва таассуби ҷоҳилонаи Оли Сауд ба Эронро нишон дод.

Мақомҳои Арабистон пас аз даргузашти Малик Абдуллоҳ - подшоҳи пешини Арабистон, даврае пуртаниш аз равобит бо Эронро калид заданд. Ин танишсозӣ осори худро ибтидо бо густариши доманаи таҳдидҳои амниятӣ дар муҳити перомуни Эрон ошкор кард ва акнун ҳомиёни терроризм саъй доранд, онро ба дохили марзҳои Эрон русух диҳанд.

Ҳокимони моҷароҷуи ҷавони Оли Сауд ва ташнаи қудрат тасаввур мекунанд, бо ингуна таҳаррукот метавонанд ба пояҳои ларзони ҳокимияти истибдодӣ ва сиёсатҳои рангбохта ва сӯхтаи Оли Сауд дар минтақа ҷони дуборае бидиҳанд.

Риёз токунун кумакҳои молии қобили таваҷҷуҳе ба гурӯҳҳои террористӣ кардааст. Арабистон аз Лубнон гирифта то Сурия ва Ироқ ба террористҳои диишӣ ва дигар гурӯҳҳои террористе, ки муҷиби вайронӣ ва ноамнӣ дар саросари минтақа шудаанд, кумаки молӣ карда ва онҳоро мусаллаҳ мекунад ва омӯзиш медиҳад.

Риёз бо иқдомоти саволбарангези худ сулҳ ва амнияти минтақа ва ҷаҳонро ба мухотира андохтааст. Тарҳи ноамнсозии минтақа ва Эрон бо чароғи сабзи Амрико дар сафари ахири Трамп ба Риёз шуруъ шуд.

Баъди воқеаи террористии Теҳрон дар ҳоле, ки бисёре аз кишварҳо бо Эрон ҳамдардӣ карданд, Кохи Сафед баёниае мунташир кард, ки дар он Трамп Теҳронро барои ин ҳамла сарзаниш кард ва гуфт, кишварҳои ҳомии терроризм худ қурбонии шарорате мешаванд, ки мураввиҷи он ҳастанд.

Албатта мушобеҳи чунин сенарияе пеш аз ин низ бо ҳимояти мустақими Амрико ва Арабистон аз гурӯҳаки террористи мунофиқин иҷро шудааст.

Туркӣ Файсал, шоҳзодаи саудӣ ва раиси собиқи созмони амнияти Арабистон июли соли гузашта бо ширкат дар гирдиҳамоии гурӯҳаки террористии мунофиқин ва ҳомиёни онҳо дар Париж аз тарҳи ҷадиди таҳаррукоти мунофиқин алайҳи Эрон рӯнамоӣ кард.

Бо чунин савобиқе, ҳимояти Арабистон аз терроризм ва ҳамсуиаш бо Амирико дар ноамнсозии Эрон як иттиҳом нест, балки воқеияте дар чорчуби иқдомот ва мавзеъгириҳои алании мақомҳои Риёз- Вашингтон аст, ки нишон медиҳад, ончи барои онҳо аҳаммият дорад, расидан ба ҳадаф ба ҳар василае аст.

Ҳатто агар ҳимояти мустақим аз терроризм бошад. Терроризм аммо бетардид, таҳдиде барои ҳама, ҳатто ҳомиёни онҳост. Акнун осори сиёсатҳои дугона дар қиболи гурӯҳҳои террористӣ ошкортар шуда ва терроризм ба марҳалае расидааст, ки дигар барандае барои он вуҷуд надорад.