Июн 17, 2017 16:24 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофи давлат ва Сенати Амрико бар сари таҳримҳои зидди русӣ

Вазири умури хориҷаи Амрико ва Сенат бар сари таҳримҳои Русия, дучори ихтилоф шуданд.

Шабакаи телевизионии Фокс Нюз эълом кард, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико бо ҷумҳурихоҳон дар Сенати ин кишвар бар сари эъмоли таҳрим алайҳи Русия ва имзои он, аз сӯи Дналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар дучори ихтилофи назар шудаанд.

Фокс нюз, ки мавозеъи Кохи Сафед ва ҷумҳурихоҳонро бозтоб медиҳад, бо ишора ба раъйи болои Сенат ба таҳримҳои зидди русӣ афзуд, сенаторҳои тарроҳи таҳрими Русия, чорчубе барои Трамп таъйин кардаанд, ки вай дар гуфтугӯҳо бо Владимир Путин муҳкам зоҳир шавад ва таҳримҳои ин кишварро ба сарфи ташхиси худ барнадорад.

Аммо акнун Трамп бар сари ду роҳии имзои тарҳе қарор дорад, ки ихтиёроташро барои бардоштани таҳримҳои Русия гирифтааст ва онро манут ба иҷозаи Конгресс хоҳад кард.

Маҷлиси Сенати Амрико рӯзи панҷшанбе, тарҳи таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия ва Эронро бо аксарияти оро тасвиб кард‎.

‎Ин таҳримҳо ба хотири дахолати Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, эъмол шуда ва бахшҳои мухталифе монанди иқтисод, киштиронӣ, маъдан, фулузот ва  роҳи оҳанро ҳадаф қарор додааст.

Пас аз Сенат, Маҷлиси намояндагони Амрико бояд ин тарҳро ба тасвиб бирасонад.

 

Барчасп