Истеъфои 6 узви Шӯрои машваратии давлати Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i18860-Истеъфои_6_узви_Шӯрои_машваратии_давлати_Трамп
Шаш узви Шӯрои машваратии мубориза бо бемории СПИД-и давлати Амрико ба иллати бетаваҷҷуҳии раисҷумҳури ин кишвар ба саломати мардум, аз симмати худ истеъфо карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 18, 2017 16:23 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои 6 узви Шӯрои машваратии давлати Трамп

Шаш узви Шӯрои машваратии мубориза бо бемории СПИД-и давлати Амрико ба иллати бетаваҷҷуҳии раисҷумҳури ин кишвар ба саломати мардум, аз симмати худ истеъфо карданд.

Ба гузориши Вашингтон Экзаменер, Скотт Скатис, як узви Шӯрои машваратии мубориза бо бемории СПИД гуфт, сиёсатҳои давлати Амрико мушкилоти бахши беҳдоштиро афзоиш додааст .

Скатис тасреҳ кард, раисҷумҳури Амрико сиёсатҳои беҳдоштиро, ки ба беморони мубтало ба СПИД кумак мекунад, доруҳои мавриди ниёз барои наҷоти ҷонашонро дарёфт кунанд, тағйир додааст.

Шӯрои машваратии раисҷумҳури Амрико дар заминаи мубориза бо бемории СПИД дар соли 1995 ташкил шуд .