Июн 19, 2017 14:40 Asia/Dushanbe
  • 65.6 миллион бехонумон дар ҷаҳон

Созмони Милал эълом кард, ки дар поёни соли 2016 шумори бехонумонҳо дар ҷаҳон, ба рақами 65.5 миллион нафар расида, ки ин теъдод 300 ҳазор нафар бештар аз соли қабл аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, тибқи эъломи Созмони Милал, омори бехонумонҳо дар ҷаҳон, бар асари авомиле чун ҷанг, хушунат, хушксолӣ ва қаҳтӣ афзоиш ёфтааст.

Соли 2014 шумор бехонумонҳо шаш миллион нафар камтар аз соли 2016 будааст.

Тибқи гузориши Созмони Милал, дар соли 2016 беш аз 40 миллион нафар маҷбӯр ба тарки хона ва интиқол ба як минтақаи дигар дар кишварашон шуданд.

Сурия, Ироқ ва Колумбия бештарин шумори ин навъ бехонумонҳоро дар ҷаҳон доштанд.

Ҳамчунин буҳрони Сурия сабаб шудааст, ин кишвар ба бузургтарин содиркунандаи муҳоҷир табдил шавад.

Судони Ҷанубӣ ва Фаластини ишғолӣ низ бештарин шумори бехонумонро дар ҷаҳон доранд.

 

Барчасп