Июн 20, 2017 18:08 Asia/Dushanbe
  • Маъмурони исроилӣ - масъули таъмини амнияти ҷашни издивоҷи Месси

Хонаводаи Лионел Месси, ситораи аргентинии тими “Барселона”-и Испания барои таъмини амнияти маросими издивоҷи ӯ маъмурони як ширкати амниятии хусусии исроилиро ба истихдом гирифтааст.

Ба гузориши шабакаи “Си Эн Эн Турк”, Лионел Месси ва Антонелла Роккуззо қарор аст, рӯзи 30-юми июн дар зодгоҳшон, шаҳри Росариои Аргентина издивоҷ кунанд. Ҷашни издивоҷи Месси дар як маҳаллаи хатарноки шаҳри Росарио баргузор хоҳад шуд ва хонаводаи Месси аз як ширкати амниятии исроилӣ барои ҳифзи амнияти он кумак гирифтааст.

Шаҳри Росарио зодгоҳи Эрнесто Че Гевара, қаҳрамони чирикии инқилобҳои коммунистии Амрикои Лотинӣ низ ҳаст.