Июн 20, 2017 19:13 Asia/Dushanbe
  • Маскав марги Абубакр Бағдодиро таъйид накард

Вазорати умури хориҷии Русия эълом кард, ки наметавонд марги Абубакр Бағдодиро таъйид кунад.

Ба гузориши “Русия ал-явм”, Геннадий Гатилов, муовини вазири умури хориҷии Русия рӯзи сешанбе гуфт, Русия наметавонд марги Абубакр Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ-ро дар ҳамлаи ҳавоии моҳи гузаштаи ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар Сурия таъйид кунад.

Маскав рӯзи ҷумъа эълом карда буд, эҳтимолан нерӯҳои артиши Русия Бағдодиро куштаанд, аммо Вашингтон эълом кард, наметавонад ин масъаларо таъйид кунад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ рӯзи ҷумъа гуфта буд, ки Русия дар бораи марги Бағдодӣ мутмаин нест.

Аз сӯйи дигар Гатилов ҳамчунин хотирнишон кард, раванди тавофуқ бар сари масоили марбут ба манотиқи коҳиши таниш дар Сурия ҳамчунон идома дорад. Гатилов дар посух ба саволе дар бораи ин амр, ки “оё амрикоиҳо дар Остона ширкат мекунанд, ё хайр?”, низ гуфт: “Мо умедворем, ки намояндагони Иёлоти Муттаҳида дар нишасти баъдӣ, ки дар бораи Сурия дар Остона баргузор мешавад, ба унвони нозир ширкат мекунанд”. Ӯ гуфт, Амрико дар нишастҳои пешин низ ба унвони нозир ширкат мекард.