Фарофикании Оли Халифа зидди Эрон - сиёсате барои саркӯб кардани мардуми Баҳрайн
Вазорати умури дохилии Баҳрайн бори дигар бо тарҳи иддаоҳои беасос ва нахнамошуда Ҷумҳурии Исломии Эронро ба дахолат дар умури дохилии он кишвар муттаҳам кард.
Вазорати умури дохилии Баҳрайн бори дигар бо тарҳи иддаоҳои беасос ва нахнамошуда Ҷумҳурии Исломии Эронро ба дахолат дар умури дохилии он кишвар муттаҳам кард.
Вазорати умури дохилии Баҳрайн дар иттилоияе муддаӣ шудааст, чанд террорист дар ин кишвар боздошт шудаанд, ки аз сӯйи Эрон ҳимоят мешаванд. Масъулини баҳрайнӣ ҳар аз чанд гоҳе бо тарҳи иддаоҳои беасос ба ҷойи таваҷҷуҳ ба хости қонунии мардуми Баҳрайн Эронро ба доман задан ба эътирозҳо дар ин кишвар ва иқдомоти ба истилоҳ харобкорона дар Баҳрайн муттаҳам мекунанд.
Инфиҷори чанд рӯзи пеш дар рӯстои ал-Акари Шарқӣ, воқеъ дар ҷануби Манома, пойтахти Баҳрайн ба вуқӯъ пайваст ва бар асоси эъломи манобеи баҳрайнӣ, дар ин инфиҷор як зан кушта ва се кӯдаки баҳрайнӣ захмӣ шуданд. Вазорати дохилии Баҳрайн вуқӯи инфиҷорҳоро дар Баҳрайн ҳамвора ба бовари худ бо Эрон муртабит медонанд ва муддаӣ аст, авомили боздоштии марбут ба инфиҷори ахир дар рӯстои ал-Акари Шарқӣ бо Эрон дар иртибот буданд.
Тарҳи ин иддаоҳо дар ҳоле аст, ки масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо таъкид карданд, дар умури дохилии Баҳрайн дахолате надоранд ва режими Оли Халифа барои ташдиди саркӯбгарӣ ва фирор аз воқеияти мавҷуд дар Баҳрайн иддаоҳои беасосро зидди Эрон матраҳ мекунад. Эрон ҳамвора хоҳони ҳалли мусолиматомези буҳрони Баҳрайн буда ва гурӯҳҳои муътаризро ба гуфтугӯ бо давлат даъват кардааст. Ҳимоят аз хости мардум ва қонун дар Баҳрайн ҷузъи вазоиф ва усули зотии сиёсати хориҷии Эрон аст. Дифоъ аз мазлум дар баробари золим масъулияти динӣ ва инсонӣ барои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчӯби пешбурди сиёсати хориҷии худ табйин шудааст. Аммо он чӣ аз феврали 2011 дар Баҳрайн шакл гирифта, инқилоби мардумии баргирифта аз батни ҷомеаи ин кишвар буда ва ҳадафи мардуми инқилобии Баҳрайн ҳам доштани озодӣ, поёни табъиз ва бархурдорӣ аз ҳукумати демократӣ дар кишварашон аст. Ҳукумати ақаллият ва инҳисории Оли Халифа бар аксарияти шиа дар Баҳрайн омили аслӣ ва тадовуми эътирозҳо дар ин кишвар аст ва он чӣ ба номи таҳаррукоти харобкорона ва инфиҷор дар Баҳрайн рӯй медиҳад, решаи дохилӣ дорад ва масъулони Оли Халифа бояд иллати онро дар даруни марзҳои худ ҷустуҷӯ кунанд. Албатта, пеш аз ин гузоришҳое мунташир шуда буд, бинобар ин ки Оли Халифа барои ташдиди саркубгарӣ дар Баҳрайн ба дунболи баҳона аст. Иқдомоти харобкорона бо чошнии ҳимояти Эрон аз он баҳонаи ба истилоҳ муваҷҷаҳе барои режими Баҳрайн маҳсуб мешавад, то беш аз пеш арсаро барои инқилоби мардуми ин кишвар танг кунад ва ба мувозоти он ҷомеаи байналмилалиро бо худ ҳамроҳ бубинад, ки решаи таҳаввулоти Баҳрайн дар хориҷ аз ин кишвар аст.
Талоши режими Оли Халифа барои ҳамроҳ кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сиёсати ин режим дар ташдиди саркӯбгарӣ дар Баҳрайн хоби режими Маномаро таъбир накардааст ва нахоҳад кард, чун фақат дар як маврид салби тобеият аз Шайх Исо Қосим, рӯҳонии аршад ва падари маънавии инқилоби мардуми Баҳрайн хашм ва асабонияти афкори умумии ҷаҳонро аз режими Оли Халифа ба дунбол доштааст. Вазъи ҳуқуқи башар дар Баҳрайн ба ҳадде асафбор аст, ки тарҳи иддаоҳои беасос ва нахнамошуда, монанди дахолати Эрон дар умури дохилии Баҳрайн наметавонад ва натавонистааст режими Оли Халифаро дар ҳошияи амн ва ҷойгоҳи муддаӣ нигаҳ дорад. Қабули воқеияти мавҷуди Баҳрайн ва эҳтиром ба хости мардум танҳо роҳи Оли Халифа барои убур аз вазъият кунунӣ аст .