Июн 23, 2017 19:29 Asia/Dushanbe
  • Исроил саранҷом таъсири ҳамалоти мушакии Эронро эътироф кард

Авихай Адраи, сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ бо ишора ба интиқоми мушакии Сипоҳи посдорони Эрон аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия эътироф кард, ин ҳамалот зарбаи сахте ба ин гурӯҳ ворид кардааст.

Ба гузориши шабакаи “ал-Олам”, Авихай Адраи дар сафҳаи твиттерии худ навишт: «Ҳафтаи ҷорӣ Эрон мушакҳои “замин ба замин” ба аҳдофе аз ДИИШ дар Сурия шиллик кард. ДИИШ зарбаҳои дарднокеро аз ин ҳамалот мутаҳаммил шуд». Ӯ бо баёни ин ки ба нафъи кишварҳои арабӣ аст, то фурсатҳоеро дар ихтиёри Исроил қарор диҳанд, муддаӣ шуд, Эрон барои суботи минтақа таҳдид аст ва барои Исроил хатар дорад. Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ дар идомаи иддаоҳояш навишт, бояд бо нуфузи Эрон дар минтақа муқобила кард, зеро Эрон манбаи кумакҳои таслиҳотӣ ба гурӯҳҳои мухталиф дар минтақа аст.

Эътирофи ӯ ба муассир будани ҳамлаи мушакии Сипоҳ ба аҳдофи ДИИШ дар Сурия дар ҳоле аст, ки пештар дигар мақомоти режими саҳюнистӣ, аз ҷумла фармондеҳи Ситоди кулли артиш ва раиси иттилооти артиши Исроил саъй карда буданд, онро кӯчак ҷилва диҳанд.