Июн 23, 2017 19:49 Asia/Dushanbe
  • Шаҳид шудани даҳҳо шиа дар Парачинори Покистон

Такфириҳои ваҳҳобӣ мардуми рӯзадори Парачинор, шимолу ғарби Покистонро ба хоку хун кашиданд.

Дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар шаҳри Парачинори иёлати Хайбар Пахтунхоҳ, шимолу ғарби Покистон ду муҳоҷим бо ҳамли маводи мунфаҷира худро дар миёни шиаёни рӯзадор тарконданд. То кунун бист нафар шаҳид ва беш аз шаст нафари дигар низ захмӣ шуданд, ки ҳоли бархе аз захмиҳо вахим гузориш шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши захмиҳо мумкин аст, шумори қурбониён бештар шавад. Шуморе аз шаҳидону захмиҳо зану кӯдак  мебошанд.

Ҳарчанд то кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳоро ба уҳда нагирифтааст, аммо гурӯҳҳои такфири “Сипоҳи саҳоба”, “Лашкари ҷҳангӯй” ва “Ҷамоат-ул-аҳрор” дар ин иёлат фаъол буда, дар куштори садҳо нафар аз инсонҳои бегуноҳ мушорикат доранд.

 

Барчасп