Июн 27, 2017 19:48 Asia/Dushanbe
  • Посухи Маскав ба иддаои зиддисуряии Вашингтон

Кремл таҳдидоти Вашингтон алайҳи артиши Сурия бо баҳонаи эҳтимоли вуқӯи ҳамлаи кимиёӣ дар ин кишварро ғайриқобили қабул донист.

Ба гузориши шабакаи хабарии “ал-Маёдин”, Дмитрий Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия рӯзи сешанбе гуфт, таҳдидоти Амрико алайҳи ҳукумати машрӯи Сурия ғайриқобили қабул аст. Ӯ афзуд, ҳеҷ гуна иттилооте барои исботи иддаоҳои Амрико дар бораи эҳтимоли вуқӯи ҳамлаи кимиёӣ дар Сурия вуҷуд надорад.

Кохи Сафед бо интишори баёнияе муддаӣ шудааст, Ҳукумати Сурия дар ҳоли омода шудан барои як ҳамлаи кимиёии ҷадид бо истифода аз фурудгоҳи “Шаирот” аст.

Сухангӯи Кремл дар вокуниш ба баёнияи Кохи Сафед гуфт: «Мо қатъан лафзи "ҳамлаи ҷадид"-ро рад мекунем. Бо вуҷуди дархостҳои мо ҳеҷ гуна таҳқиқоти бетарафонае дар бораи истифода аз силоҳҳои кимиёӣ дар Сурия анҷом нашуда ва ба ҳамин далел аз назари мо наметавон нерӯҳои Ҳукумати Сурияро масъули ин амр донист». Дар ҳамин ҳол, шомгоҳи душанбе Сергий Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар гуфтгӯи телефонӣ бо Рекс Тиллерсон, ҳамтои амрикоии худ таъкид кард, Амрико бояд аз иқдомҳои таҳрикомез алайҳи артиши Сурия худдорӣ кунад. Вазири умури хориҷии Русия таъкид кард, Маскав ҳамчунон танҳо роҳи хурӯҷи Сурия аз буҳрони кунуниро ташкили ҷабҳаҳои воҳид барои мубориза бо терроризм медонад.