Оғози дувумин иҷлоси СICA дар Чин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i19254-Оғози_дувумин_иҷлоси_Сica_дар_Чин
Дувумин иҷлоси созмонҳо ва ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва мутолеотии кишварҳои узви Конфронси таомул ва иқдомоти эътимодсозии Осиё, мавсум ба СICA дар Пекин, пойтахти Чин кушоиш ёфт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 28, 2017 11:35 Asia/Dushanbe
  • Оғози дувумин иҷлоси СICA дар Чин

Дувумин иҷлоси созмонҳо ва ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва мутолеотии кишварҳои узви Конфронси таомул ва иқдомоти эътимодсозии Осиё, мавсум ба СICA дар Пекин, пойтахти Чин кушоиш ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, намояндагон, муҳаққиқон, соҳибназарон ва андешамандоне аз 36 кишвар, аз ҷумла Эрон, Тоҷикистон, Русия, Миср, Кореяи ҷанубӣ, Филиппин, Ироқ ва Тоҷикистон дар дувумин иҷлоси СICA ҳузур доранд.

Камол Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз суханронони маросими кушоиши ин иҷлос аст.

Шиори имсоли дувумин иҷлоси созмонҳо ва ниҳодҳои ғайридавлатии СICA “Амният ва пешрафт барои Осиё” эълом шудааст.

Ҳамдилӣ, таомул ва ҳамкории муштарак барои эҷоди амният дар Ховари миёна аз меҳварҳои гуфтугӯ дар ин иҷлос аст.

Идеяи шаклгирии СICA -ро Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 1992 мелодӣ дар чиҳилуҳафтумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид матраҳ кард ва ин ниҳод дар соли 1996 ташкил шуд.

 Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Кореяи ҷанубӣ, Чин, Русия, Ҳинд, Фаластин, Муғулистон, Қирғизистон, Узбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Таиланд аз ҷумлаи аъзои 24 узви созмони СICA ҳастанд.