Афзоиши мухолифатҳо бо Трамп дар дохили Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико
Мавзеъгириҳо ва изҳороти номутаорифи Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ барои интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 Амрико, мавҷи ҷадиде аз мухолифатҳо алайҳи вайро дар дохили ин ҳизб мӯҷиб шудааст.
Дар ин росто, 50 тан аз мақомоти барҷастаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар ҳавзаи амнияти миллӣ, рӯзи душанбе бо интишори баёнияе, Доналд Трампро барои ҳидояти суккони ин кишвар, фарде бе кифоят хонданд ва гуфтанд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, вай " бе мулоҳизатарин раисиҷумҳур дар торихи Амрико" хоҳад буд.
Дар ин баёния тасреҳ шуда, ки Трамп як раисиҷумҳури хатарнок аст, ки амният ва рифоҳи миллии Амрикоро ба хатар меандозад. Имзокунандагони ин баёния эълом карданд, ки ба Доналд Трамп раъй нахоҳанд дод. Дар миёни имзокунандагони ин баёния, номи ашхосе аз ҷумлаи Майкл Ҳейден, раиси собиқи Оҷонси иттилооти марказӣ, ки аз таҷрибаи раёсат бар Оҷонси амнияти миллӣ низ бархӯрдор аст ва ҳамчунин Майкл Чертофф (Michael Chertoff)- Вазири собиқи амнияти дохилӣ, Джон Негропонт (John Negroponte)-раиси собиқи Оҷонси иттилооти миллӣ ва ду тан аз намояндагони тиҷории пешини Амрико ба номҳои Карла Хиллз ва Роберт Зеллик ба чашм мехӯранд.
Дар ин баёния тасреҳ шуда, ки Трамп фоқиди шахсият, арзишҳо ва таҷрибаи лозим барои мақоми раёсатҷумҳурӣ аст ва дар мақоми раҳбари ҷаҳони озод, иқтидор ва нуфӯзи маънавии Амрикоро тазъиф мекунад. Ин ҷумҳурихоҳон дар баёнияи худ, Трампро фоқиди дониши умумӣ ва ҳатто эътиқод ба Қонуни асосӣ, ҳуқуқ ва ниҳодҳои Амрико аз ҷумла тасоҳули мазҳабӣ, озодии матбуот ва истиқлоли қувваи қазоия донистаанд. Дар ин баёния ҳамчунин таъкид шуда, ки аз манзари сиёсати хориҷӣ, Доналд Трамп барои тасоҳуби мақоми раёсатҷумҳурӣ ва фармондеҳии кулли қуво, шоистагии лозимро надорад. Ситоди интихоботии Трамп токунун ба ин баёния вокунише нишон надодааст.
Ин дар ҳоле аст, ки фаъолони сиёсӣ, ки қодир ба мутаваққиф кардани Доналд Трамп аз номзадии раёсатҷумҳурии Амрико набуданд, бори дигар даст ба кор шудаанд. Ин фаъолон аз Кумитаи миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳ хостаанд, то бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ нисбат ба интихоби Трамп таҷдиди назар кунанд.
Аъзои "Намояндагони озод", ҷунбише, ки бо истифода аз қавонини Кумитаи миллии ҷумҳурихоҳон иқдом ба азл ва насби номзади дигаре мекунад, хостори ҷаласаи изтирории ҳизб шудаанд. Бар асоси қавонини Ҳизби ҷумҳурихоҳ, аъзои 16 иёлат муҷоз ба эътироз ҳастанд ва метавонанд, тайи 10 рӯз нисбат ба баргузории як нишасти изтирорӣ, иқдом кунанд ва бо муаррифии номзади ҷадид, шароитро барои азли номзади интихобӣ фароҳам кунанд.
Фаъолони мухолифи Трамп дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар як моҳи гузашта талоши густардае барои мутаваққиф кардани Трамп анҷом додаанд. Ба ақидаи бархе аз қонунгузорони ин ҳизб, Трамп бо изҳорот ва рафтори нописанди худ мавҷе аз нигарониро дар миёни хонаводаи низомиён, мусулмонон ва занон эҷод кардааст. Бо ин ҳол, коршиносон муътақиданд, ки дархост барои баргузории ҷаласаи фаврии Кумитаи миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳ бештар ҷанбаи намодин дорад. Ба гуфтаи ин коршиносон ҳатто агар Ҳиллорӣ Клинтон, номзади демакратҳо дар назарсанҷиҳо аз Трамп пешӣ бигирад, аксарияти қариб ба иттифоқи ҷумҳурихоҳон аз вай бо унвони номзади раёсатҷумҳурӣ аз сӯи Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳимоят хоҳанд кард. Аз сӯи дигар, раҳбарони ҳизб дар фурсати боқимонда ба баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ, қодир ба муаррифии номзади ҷадид нестанд.
Ҳамчунин дар иқдоме дигар Скотт Ригел-намояндаи ҷумҳурихоҳи иёлати Вирҷинияи Амрико эълом кард, ки ба ҷои он ки ба Трамп раъй бидиҳад аз Гэри Джонсон-номзади ҳизби Либертии ин кишвар ҳимоят хоҳад кард. Ригел сеюмин қонунгузори ин кишвар аст, ки дар идома шикоф ва ихтилофи назари ҷумҳурихоҳон бар сари номзадии Трамп гуфтааст, ба ӯ раъй нахоҳад дод ва номзади ҳар ҳизби дигаре ба ҷӯз ду ҳизби матраҳи Амрикоро барои вурӯд ба Кохи Сафед тарҷеҳ медиҳад. Ҳафтаи гузашта Ричард Ҳанна-намояндаи ҷумҳурихоҳи иёлати Ню-Йорк низ бо интишори мақолае дар рӯзномаи Ню-Йорк таймс, Трампро як даллол ва фарде худшефта хонд ва гуфт, ҳозир ба раъй додан ба ӯ нахоҳад буд.