Вақте Трамп бо СНН куштӣ мегирад (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i19468-Вақте_Трамп_бо_СНН_куштӣ_мегирад_(видео)
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико филми кӯдакона дар Твиттери худ мунташир кард, ки дар он СНН - ро дар ринги куштии ҳирфаӣ кутак (лату куб) мезанад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 03, 2017 09:10 Asia/Dushanbe

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико филми кӯдакона дар Твиттери худ мунташир кард, ки дар он СНН - ро дар ринги куштии ҳирфаӣ кутак (лату куб) мезанад.

Нафрати Доналд Трамп аз расонаҳои маъруфи Амрико, аз ҷумла СНН ба ҳадде аст, ки ӯ бо тағйир додани филми марбут ба куштӣ гирифтани худ, тасвири сарлавҳаи шабакаи СНН- ро ба ҷои сари рақиби худ қарор дода ва ӯро кутак мезанад.

Thomas Bossert мушовири амнияти дохилии Трамп, ки дар шабакаи ABC ҳозир шуда буд ва видеои Трампро барои нахустин бор медид, бидуни ибрози назар дар бораи рафтори Трамп дар ин филм, истифодаи ӯро аз Твиттер барои иртиботи мустақим бо мардуми Амрико сутуд.