Ҷидоли Трамп бо расонаҳо (тафсир)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i19478-Ҷидоли_Трамп_бо_расонаҳо_(тафсир)
Интишори тасовири видеоӣ аз занозании Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо фарде дар канори ринги гуштии ҳирфаӣ, ки сураташ бо лого (рамз)-и шабакаи телевизионии Си Эн Эн пӯшида шудааст, низои раиси ҷумҳурии ин кишвар бо расонаҳои амрикоиро вориди марҳалаи тозае кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 03, 2017 11:42 Asia/Dushanbe
  • Ҷидоли Трамп бо расонаҳо (тафсир)

Интишори тасовири видеоӣ аз занозании Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо фарде дар канори ринги гуштии ҳирфаӣ, ки сураташ бо лого (рамз)-и шабакаи телевизионии Си Эн Эн пӯшида шудааст, низои раиси ҷумҳурии ин кишвар бо расонаҳои амрикоиро вориди марҳалаи тозае кард.

Дар ин видео, ки дар сафҳаи твиттерии Доналд Трамп бознашр шуда, Трамп машғули занозанӣ бо фарде аст, ки сурати ӯ бо нармафзорҳои роёнаӣ (компютерӣ) бо логои шабакаи Си Эн Эн пӯшида шудааст.

Ин видео охирин ва шадидтарин ҳамлаи раиси ҷумҳурии Амрико ба бархе аз бузургтарину машҳуртарин расонаҳои ин кишвар ба шумор меояд. Дар рӯзҳои ахири тавҳинҳои Трамп ба ду тан аз муҷриёни маъруфи шабакаи Эм-эс - эн - би - си ва мутақобилан бемории равонӣ хонда шудани Трамп аз сӯйи ин ду тан, даъвои Кохи Сафед бо расонаҳоро шиддат бахшид.

Агарчӣ равобити Кохи Сафед бо расонаҳо дар даврони раёсати ҷумҳуриҳои гузашта низ ағлаб бо таниш ҳамроҳ будааст, бо ин ҳол дар таърихи ин кишвар то кунун собиқа надоштааст, ки як раиси ҷумҳурии Амрико ба андозаи Трамп вориди ҷидолу тавҳини шахсӣ бо расонаҳо шавад. Вай дар ҳамон даврони рақобатҳои интихоботии соли гузашта низ шамшерро ба рухи расонаҳо кашид ва онҳоро муште дурӯғгӯву фиребкор хитоб кард.

Расонаҳои бузурги Амрико низ дар муқобил аз ҳеч талоше барои бадном кардану зери суол бурдани салоҳияти номзади ҷумҳурихоҳон кӯтоҳӣ накарданд.

Бо ин ҳол интизор мерафт бо поён ёфтани рақобатҳои интихоботӣ ва нишастани Доналд Трамп бар маснади раёсати ҷумҳурии Амрико миёни ӯ ва расонаҳо оташбас эълом шавад. Аммо на фақат чунин иттифоқе рух надод, балки ин бор Трамп бо баҳрагирӣ аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ, ҳамалоти кӯбандатареро бо сафҳаи твиттерии худ алайҳи расонаҳои аслии Амрико ба роҳ андохт. Вай дар ин масир аз тавҳини шахсӣ ба бархе аз хабарнигорон низ чашмпӯшӣ накарду акнун низ саҳнаи бозсозишудаи занозанӣ бо Си Эн Эн-ро мунташир кардааст.

Карл Бренштайн, рӯзноманигоре ки дар ифшои расвоии “Уотергейт” нақш дошт мегӯяд, ин тасовир зидди шабакаи Си Эн Эн нест, зидди озодии матбуоту зидди озодии баён аст.

Трамп ба унвони фарде сарватманду саршинос дар санъати саргармии Амрико, ҳамвора мавриди ситоиши расонаҳо қарор доштаву ба гуфтаи худаш “одат ба бохт надорад”. Дар ҳоле ки бар асоси суннати сиёсӣ дар Амрико ҳар сиёсатмадоре, ба вижа дар сатҳи номзади раёсати ҷумҳурӣ ва шахси раёсати ҷумҳурӣ ҳамвора дар маърази нақду ҳамалоти лафзии мунтақидону расонаҳо қарор доштааст.

 Ба назар мерасад ин вазъият таодули рӯҳии раиси ҷумҳурии кунунии Амрикоро барҳам задааст ва вай қасд дорад бо роҳ андохтани ҷанги равонӣ алайҳи расонаҳои мунтақид, ононро ба мадҳиясароӣ ё сукут водор намояд. Дар ҳоле ки бар асоси изҳороти бархе аз чеҳраҳои саршиноси ҷумҳурихоҳон ва ҳамчунин натоиҷи бархе аз назарсанҷиҳо, ин ҷанги ошкори Трамп бо расонаҳо чеҳраи давлати ӯро тахриб кардаву бар амалкарди дастгоҳи давлатӣ таъсири манфӣ барҷой гузоштааст. Ба тавре ки дар ниҳоят ҳатто метавонад ба заминасозӣ барои барканории ӯ аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ бианҷомад.