Август 10, 2016 12:07 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ ба автобуси ҳомили хабарнигорон дар Рио

Як автобуси расмӣ ҳомили хабарнигороне, ки рақобатҳои олимпики Рио 2016-ро пушиш медиҳанд, сешанбе шаб наздики зоғанишини машҳур Сидаде де Деос дар ғарби шаҳри Рио де Жанейро ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт.

Баргузоркунандагони бозиҳои олимпик эълом карданд, дар ин тирандозӣ ду хабарнигор батаври сатҳӣ захмӣ шуданд. Хабарнигорон пас аз шикаста шудани ду шишаи автобус, барои ҳифозат аз худ кафи автобус дароз кашиданд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса аз Рио де Жанейро, баргузоркунандагони бозиҳои олимпик эълом карданд, полис ва артиш таҳқиқотеро барои ёфтани омилони тирандозӣ оғоз карданд.

Ин тирандозӣ чаҳор рӯз пас аз он сурат гирифт, ки як тири саргардон сақфи чодареро дар шимоли шаҳри Рио де Жанейро, ки баунвони салони матбуот мавриди истифода қарор мегирад, сурох кард.

Хабарнигори рӯзномаи аргентинаии Лансион ба хабаргузории Фаронса гуфт: "Мо садоҳое аз самти рости автобус шунидем, баъд ду шиша шикаста шуд ва як хабарнигори беларусӣ бар асари тамос бо хурдашишаҳо аз ноҳияи даст захмӣ шуд".

Ҳамла ҳудуди соати 20 наздики Ҳалбиободи бузурги Сидаде де Деос рӯй дод, ки яке аз пурхушунаттарин Ҳалбиободҳои Рио башумор меравад ва байни маркази бозиҳои олимпики Деодоро ва маркази расонаҳои парки олимпик дар Барра воқеъ аст.

Ин тирандозӣ дар шароитест, ки хабарнигорон, варзишкорон ва тамошочиён аз оғози рақобатҳои олимпик бо мавориди мутааддиди дуздӣ ва зӯргирӣ мувоҷеҳ шудаанд.

Полиси Рио шанбе як бори машкукро наздики хатти поёни рақобатҳои дучархасаворӣ дар соҳили Копакабана мунфаҷир кард.

Сешанбе шаб як бастаи машкуки дигар наздики ҳотели "Копакабана Палас" ба ҳамин сарнавишт дучор шуд.