Алиев аз Трамп барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ кумак хост
Раисҷумҳури Озарбойҷон барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ аз ҳамтои амрикоии хеш кумак хост.
Ба гузориши хабаргузории расмии Озарбойҷон “Озартоҷ”, Илҳом Алиев рӯзи сешанбе дар паёми табрикие ба Доналд Трамп ба муносибати Рӯзи миллии Амрико аз ӯ хост, дар ҳалли муноқишаи Қарабоғ кумак кунад. Алиев дар паёми худ овардааст, дар 25 соли барқарории равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Амрико равобити ду кишвар ба сатҳи ҳамкории стратегӣ расидааст.
Дархости раисҷумҳури Озарбойҷон аз ҳамтои амрикоии худ дар ҳоле аст, ки талоши раисони “Гурӯҳи Минск”-и Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ, ки Амрико яке аз аъзои он аст, ҳеҷ натиҷае надоштааст.
Муноқиша миёни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари минтақаи Қарабоғ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1992 ба даргирии низомӣ табдил шуд.