Июл 04, 2017 18:18 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон таҷҳиз мешаванд

Сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон аз муҷаҳҳаз шудани нерӯҳои ҳавоии артиши ин кишвар ба ҷангандаҳои пешрафта дар оянда хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ториқшоҳ Баҳромӣ, сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон рӯзи сешанбе эълом кард, нерӯҳои ҳавоии артиши ин кишвар дар оянда ба ҷангандаҳое бо стандарти Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) муҷаҳҳаз мешаванд. Сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон ба шумори дақиқи ин ҷангандаҳо ишорае накард, аммо гуфт, бахши аввали ин ҷангандаҳо то шаш моҳи дигар дар ихтиёри артиши Афғонистон қарор хоҳад гирифт. Баҳромӣ ҳамчунин гуфт, шумори нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон ба ду баробар афзоиш хоҳад ёфт ва низомиёни афғон ба таслиҳоти пешрафта муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.

Нерӯҳои артишу амнияти Афғонистон ахиран, амалиёти зидди Толибон ва ДИИШ-ро дар манотиқи мухталифи ин кишвар афзоиш додаанд.

 

Барчасп