Август 10, 2016 13:12 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи муттаҳамони ҳодисаи болобари Масҷидулҳаром

Рӯзномаи арабистонии Оказ дар шумораи имрӯзи худ навишт, ҷаласаи муҳокимаи муттаҳамони ҳодисаи суқути болобари Масҷидулҳаром имрӯз баргузор мешавад ва чанд табааи покистонӣ-филиппинӣ-мисрӣ ва урдунӣ аз ҷумлаи муттаҳамони аслии ин ҳодисаанд.

Ба гузориши Ирно, рӯзномаи Оказ афзуд: Имрӯз дар аввалин ҷаласаи кумитаи қазоии муташаккил аз се қозӣ дар додгоҳи ҷиноӣ, як миллиардери Саудӣ ба ҳамроҳи 13 фарди муттаҳами дигари ҳузур хоҳанд ёфт. Ҳайъати бозрасӣ ва додситонии кулли Арабистон таҳқиқоти худро, ки 290 рӯз ба дарозо анҷомид, ба итмом расондааст.

Бар асоси иттилооти ба даст омада тавассути Оказ, дар миёни афроди муттаҳам, ки имрӯз дар додгоҳ ба иттиҳомоташон расидагӣ хоҳад шуд, шаш арабистонӣ ва ҳафт табааи хориҷии покистонӣ, урдунӣ-филиппинӣ-канадаӣ-фаластинӣ-мисрӣ ва иморотӣ ба чашм мехурад.

Бар пояи гузориши Вазорати беҳдошти Арабистон, сарнагун шудани крани воқеъ дар муҳавватаи Масҷидулҳаром 110 кушта, ҳашт маълул ва 277 маҷруҳ бар ҷой гузошт.

Бар асоси гузориши Оказ, бозрасони Додситонии кулли Арабистон таи 290 рӯзи гузашта аз тамомии 170 масъул ва нозир ва коршиноси муассисаи Бин Лодан, масъули тарҳи тавсеаи Масҷидулҳаром бозҷуӣ кардааст.

Ин ҳодиса дар маросими ҳаҷи таматтуи соли гузашта ба вуқуъ пайваст ва дар асари он 110 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 285 нафар захмӣ шуданд.

Коршиносони сиёсӣ эътиқод доранд, бо тавваҷуҳ ба нуфузи шоҳзодаҳои Саудӣ дар маҳокими қазоӣ ва бо тавваҷуҳ ба муаррифии чандини табааи хориҷӣ, ба эҳтимоли зиёд атбои хориҷӣ муқассири аслии ин фоҷеа муаррифӣ мешаванд ва шоҳзодаи Саудӣ бо камтарин хисорат аз ин мурофиа берун кашида мешавад.