Август 10, 2016 16:41 Asia/Dushanbe
  • Танбеҳи чаҳор туфангдори амрикоӣ, ки ба обҳои Эрон ворид шуда буданд

Неруи дарёии Амрико ду дараҷадор ва ду туфангдори дарёиро дар иртибот бо вуруд ба обҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон танбеҳ кард.

Ба гузориши ИРНА, пойгоҳи хабарии амрикоии Невий-Таймс, рӯзи чаҳоршанбе навишт: Чаҳор дараҷадор ва ду туфангдори дарёии Амрико ба додгоҳи низомӣ эҳзор шуданд, то дар додгоҳ ба иттиҳоми онон, ки сарпечӣ аз фармон ва кӯтоҳӣ дар анҷоми вазоиф буд, расидагӣ шавад.

Бар асоси ин гузориш, ду дараҷадор танбеҳ шуданд ва эҳтимол дорад, ки аз кор барканор шавад.

Дараҷадори сеюм аз иттиҳоми кӯтоҳӣ дар анҷоми вазифа табраа шуд ва судури ҳукми дараҷадори чаҳорум низ ба замони дигар афтод.

Неруи дарёии Амрико номи ҳеҷ кадом аз дараҷадорон ва туфангдоронро эълом накард.

Неруи дарёии Амрикои моҳи июл низ ду туфангдор ва ду дараҷадорро танбеҳ карда буд.

Дар паи вуруди ғайриқонунии ду шиновари размии амрикоӣ ба обҳои сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар моҳи январи 2016 ва дар наздикии ҷазираи форсӣ дар Халиҷи Форс, ин шиноварҳо бо ихтори шиноварҳои размии нерӯи дарёи сипоҳи посдорони Эрон мутаваққиф ва сарнишинони онҳо, ки 9 туфангдори мард ва як туфангдори зан буданд, боздошт шуданд.