Иттиҳоми Эрдуғон ба Амрико дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ
(last modified Thu, 06 Jul 2017 13:11:40 GMT )
Июл 06, 2017 18:11 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми Эрдуғон ба Амрико дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ

Раисиҷумҳурии Туркия, Амрикоро ба ирсоли силоҳ барои гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар Сурия муттаҳам кард.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии бурун марзии Садо ва симои Эрон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Франс 24” гуфт, ин силоҳҳо ҳамакнун дар ихтиёри гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия аст ва хеле аз ғайри низомиёни ин кишвар бо ҳамин силоҳҳо кушта мешаванд.

Раисиҷумҳури Туркия афзуд, Амрико дар шимоли Сурия ҳафт пойгоҳи низомии махфӣ дорад ва аъзои гурӯҳҳои террористӣ, Ҳизби иттиҳоди демократӣ ва ягонҳои мудофеи халқи Туркия, дар ин пойгоҳҳо омӯзиши низомӣ мебинанд.

Вай ба ҳимояти молӣ ва низомии Ғарб аз гурӯҳҳои террористӣ ишора ва тасреҳ кард, Ғарб террористҳоро дар хоки худ мепазирад ва ба онҳо паноҳгоҳ медиҳад ва маҷрӯҳони онҳоро низ дармон мекунад.

Ин изҳороти Эрдуғон дар ҳолест, ки вазорати умури хориҷаи Сурия вуруди низомиёни артиши Туркия ба шимолу ғарби ин кишварро таҷовузгарӣ ба тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии кишвараш донистааст.

Бисёре аз коршиносон бар ин боваранд, ки Туркия ҳамонанди Амрико дар қиболи терроризм, сиёсати дугонае дорад ва ин ду кишвар дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумлаи ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра ва куштори ғайри низомиёни ин ду кишвар нақши муҳимме доранд.

 

Барчасп