Июл 07, 2017 16:59 Asia/Dushanbe
  • Даргирии шадиди пулиси Ҳамбург бо мухолифони нишасти “Гурӯҳи 20”

Тазоҳуроти мухолифони нишасти “Гурӯҳи 20” дар шаҳри Ҳамбурги Олмон ба даргирӣ бо пулиси ин кишвар мунҷар шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, ин даргириҳо пас аз он рух дод, ки иддае аз муътаризон ба сӯйи нерӯҳои вижаи пулис шиша ва дигар ҷисмҳои сахт партоб карданд. Пулис теъдоде аз тазоҳуроткунандагонро боздошт кард.

Пештар пулиси Олмон эълом карда буд, ки интизор дорад, дар ин тазоҳурот бо беш аз ҳудуди 100 ҳазор нафар эътирозгар рӯ ба рӯ шавад, ки аз саросари Аврупо ба Ҳамбург меоянд. Ба гуфтаи муътаризон, кишварҳои мавсум ба “Гурӯҳи 20” на танҳо натавонистаанд роҳҳале барои мушкилоти ҷаҳонӣ пайдо кунанд, балки сулҳро низ дар ҷаҳон ба хатар андохтаанд.

Ҳамбург дувумин шаҳри бузурги Олмон аст, ки нишасти бист иқтисоди бартари дунё мавсум ба G-20 дар ин шаҳр баргузор мешавад. Бист ҳазор афсари пулис дар рӯзҳои ҷумъа ва шанбе, ки иҷлоси “Гурӯҳи 20” дар Ҳамбург баргузор мешавад, амнияти ин иҷлосро таъмин хоҳанд кард.

 

Барчасп