Август 10, 2016 18:47 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисҷумҳури Туркия ба Русия

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзи сешанбе ба Русия сафари таърихӣ кард.

Эрдуғон дар Санкт-Петербург бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ барои аввалин бор пас аз сарнагун шудани ҷангандаи Русия тавассути нерӯҳои ҳавоии Туркия дар ноябри соли 2015 дидор кард. Путин дар ибтидои ин дидор таъкид кард, оддисозии равобити дуҷониба, мубориза бо терроризм ва низ масъалаи Сурия мавриди баррасии ду тараф қарор хоҳад гирифт. Ба гуфтаи ӯ, сатҳи равобити байни ду кишвар дар пайи буҳрони соли 2015 тағйир карда, барои азсаргирии музокирот дар ростои манофеи ду кишвар талош мекунанд. Эрдуғон низ тасреҳ кард, ҳамкорӣ байни Туркия ва Русия дар ҳалли бахши қобили таваҷҷуҳе аз мушкилоти минтақа муассир хоҳад буд.

Пас аз ин дидор, дар нишасти хабарӣ раисҷумҳури Русия тасмими Анкараро барои азсаргирии иҷрои пружаҳои неругоҳи ҳастаии "Аккую" ва хати лӯлаи гази «Туркиш стрим» иқдоми мусбат хонд. Эрдуғон низ зимни ироаи феҳрасте аз ҳавзаҳои ҳамкорӣ изҳор дошт, ки Туркия хоҳони фароҳам сохтани имкони сармоягузории стратегӣ барои пружаи "Аккую" аст ва бо тарафи рус ба тафоҳум даст ёфтааст. Эрдуғон дар идома бар тамоилу азми Туркия ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо дар ҳавзаи саноат ва тавлидоти дифоӣ таъкид кард.

Ба назар мерасад, мақомоти аршади Анкара бо таваҷҷуҳ ба нокомиҳо ва шикастҳои бузург дар заминаи сиёсати минтақаии Туркия ва низ вуқӯи табаддулоти нофарҷом дар ин кишвар раванди бозбинӣ ва таҷдиди назар дар сиёсати хориҷиро оғоз кардаанд. Албатта, мақомоти турк, бавижа Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия аз чанд моҳ қабл бо дар назар гирифтани мушкилоти бешумори иқтисодию тиҷории Туркия, ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз он ношӣ аз носозгориҳо дар равобити Русияю Туркия ва таҳримҳои густардаи Маскав алайҳи Анкара буд, раванди эҳёи равобит байни ду кишварро оғоз карда буданд. Узрхоҳии расмӣ, пардохти хисорот ва муҳокимаи халабони ҷангандаи Туркия се шарти аслӣ буд, ки Маскав барои азсаргирии равобит бо Анкара матраҳ карда буд. Туркия то пеш аз соқит кардани ҷангандаи Русия аз аслитарин содиркунандагони маводи ширию кишоварзӣ ба Русия буд. Туркия ҳамчунин аз муҳимтарин кишвар барои гардишгарони рус маҳсуб мешавад. Боло гирифтани таниш дар равобити Анкара ва Маскав Туркияро аз ин манофеъ маҳрум кард ва ин кишвар бо хисороти молии сангин мувоҷеҳ шуд. Туркия бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои Русия бо тангноҳои бузурге, бавижа дар бахши тиҷорӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ шуда буд. Ба унвони мисол, бо қатъи сафари гардишгарони рус ба Туркия ин кишвар 8 миллиард доллар зарар дид ва бархе таҳлилгарони турк ҳатто суҳбат аз зиёни 18-миллиарддолларии Туркия ба далели идомаи таҳримҳо аз сӯй Русия карданд. Бад-ин тартиб метавон гуфт, ки дар воқеъ, фишори шароит ва носозгории рӯзафзуни авзои молӣ, тиҷорӣ ва иқтисодии Туркия дар ниҳоят сарони Анкараро водор кард, бо чархишии 180-дараҷаӣ дар мавозеи худ хоҳони эҳёи равобити Туркия ва Русия шаванд. Ҳамин тариқ, мақомоти Анкара умедворанд, ки нуҳ моҳи таҳримҳои Русия алайҳи Туркия дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаъолияти ширкату шаҳрвандони Туркия дар Русия, мамнӯияти сафари гардишгарони рус ба Туркия ва аз ҳама муҳимтар таълиқи иҷрои хати лӯлаи гази "Туркиш стрим" лағв мешавад.

Барои туркҳо эҳдосу  фаъол шудани хати лӯлаи гази "Туркиш стрим" аз аҳамияти бисёр зиёде бархурдор аст. Набояд фаромӯш кард, ки Русия бузургтарин таъминкунандаи гази Туркия аст ва ҳудуди 57 дарсади гази Туркияро таъмин мекунад. Албатта, мақомоти Туркия таъкид доранд, ки сафари Эрдуғон ба Санкт-Петербург нишонае аз рӯ гардонидани Анкара аз НАТО ё узвият дар Иттиҳоди Урупо нест, балки ин сафар гоми дувум аз раванди оштии Туркия бо Русия аст, ки аз чанд ҳафта қабл аз табаддулоти нофарҷоми 15 июл оғоз шуда буд. Бо ин вуҷуд беҳбуди равобит бо Русия дар шароите сурат мегирад, ки равобити Туркия бо Ғарб, бавижа Иттиҳоди Урупо ва Амрико дучори танишҳои ҷиддӣ шудааст.