Як дзюдокор раисиҷумҳури Муғулистон шуд
(last modified Sun, 09 Jul 2017 08:19:10 GMT )
Июл 09, 2017 13:19 Asia/Dushanbe
  • Як дзюдокор раисиҷумҳури Муғулистон шуд

Khaltmaa Battulga - қаҳрамони собиқи дзюдо, сармоядори бузург ва номзади Ҳизби мухолифи демократ дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Муғулистон ба пирӯзӣ расид.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ББС, Battulga пас аз пирӯзӣ, муҳимтарин барномаи худро ҳали мушкилоти иқтисодӣ ва халос кардани мардуми Муғулистон аз қарзҳо эълом кард.

Battulga ба ҷуз собиқаи варзиши ҳирфаӣ, дар фаъолитҳои иқтисодӣ дар бахши саноат ва хадамоти Муғулистон низ фаъолият доштааст.

Ӯ соҳиби як муҷтамеи тафреҳӣ бо фазое мушобеҳи даврони Чингизхони муғул низ ҳаст.

Муғулистон дар чанд соли ахир, рушди иқтисодии чашмгире дошта ва дар соли 2011 бо нархи рушди 17 дарсад тавлиди нохолиси дохилӣ, сареътарин рушди иқтисоди ҷаҳонро дошт, аммо “togrog”- воҳиди пули ин кишвар соли 2016 суқути шадиде дошт ва Муғулистон барои муқобила бо буҳрон вомҳои зиёде гирифт, ки қарзи давлати Улан-Баторро ба болои 20 миллиард доллар расонд.

Интизор меравад, натиҷаи расмии интихобот рӯзи якшанбе эълом шавад.