Июл 09, 2017 19:56 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди ихтилофот байни вазири умури хориҷаи Амрико ва Доналд Трамп  

Як рӯзномаи амрикоӣ гузориш дод, ихтилофи назари байни вазири умури хориҷаи Амрико ва раисҷумҳури ин кишвар дар хусуси таҳаввулоти Ховари Миёна ташдид шудааст.

Рӯзномаи Вашингтон Пост дар гузорише навишт, бо вуҷуди ройзаниҳо ва мавзеъгириҳои бенатиҷа дар хусуси сиёсати хориҷаи Амрико дар Ховари Миёна, ихтилофи назари байни Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷа ва Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар дар ин замина ташдид шудааст .

Бар асоси ин гузориш, мақомоти олирутбаи Кохи Сафед, ки аз Тиллерсон норозӣ будаанд, чунин иддао кардаанд, ки вазири умури хориҷаи Амрико байни худ ва бақияи коркунон ва мушовирони аршади Кохи Сафед девор кашидааст .

Ин рӯзнома менависад, Тиллерсон қасд дорад, ба бознигарии сохтори кулли вазоратхонаи худ бипардозад ва қабл аз интисоботи ҷадид ба поксозии бисёре аз нерӯҳои собиқи ин вазоратхона иқдом кунад.

Тибқи ин гузориш, Тиллерсон, ки собиқаи раёсати ширкати нафтии ЭксонМобилро бар уҳда дошт, бисёре аз наздикони худ аз саросари ҷаҳонро ба Вазорати хориҷаи Амрико овардааст .

Мақомоти Кохи Сафед, пештар аз ташдиди ихтилофоти вазири умури хориҷаи Амрико ва наздикони Трамп хабар дода буданд .

Вазири умури хориҷаи Амрико низ ахиран ба дахолатҳои Ҷаред Кушнер, домоди Доналд Трамп эътироз карда буд .