Радабандии артишҳои ҷаҳон дар соли 2017
Муассисаи Global Firepower дар гузориши солонаи худ феҳристе аз қавитарин артишҳои ҷаҳонро дар соли 2017 ироа дод.
Ба нақл аз CNN-и арабӣ, дар гузориши соли 2017 ин муассисаи Амрико, Русия, Чин, Ҳинд, Фаронса, Англия, Ҷопон, Туркия, Олмон ва Миср, 10 артиши қудратманди ҷаҳон ҳастанд .
Дар ин радабандӣ дар минтақаи Ховари Миёна ва шимоли Африқо ба тартиб Миср даҳум, Исроил понздаҳум, Эрон бисту якум, Арабистон бисту чаҳорум, Алҷазоир бисту панҷум, Сурия чиҳилу чаҳорум, Мағриб панҷоҳу чаҳорум, Ироқ панҷоҳу нуҳум, Иморот шастум, Яман шасту чаҳорум, Судон ҳафтоду якум, Урдун ҳафтоду дуввум ва Либия ҳафтоду сеюм ҳастанд .
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ Узбакистон дар ҷойгоҳи чиҳилу ҳаштум, Қазоқистон панҷоҳу панҷум, Туркманистон ҳаштоду шашум, Қирғизистон саду ҳаштум ва Тоҷикистон саду давоздаҳум аст .
Дар радабандии ин гузориш, ки шомили 133 артиши бартари ҷаҳон аст, ба теъдод, танаввуъ ва мизони пешрафта будани силоҳҳо ва таҷҳизоти низомӣ шомили силоҳҳои муҷози атомӣ, мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва логистикӣ, захоири табиӣ ва тавони санъатии дохилии ҳар кишвар низ таваҷҷуҳ шудааст, то тавозуни қудрати низомии байни тамоми кишварҳо барқарор шавад .