Мамнуъ шудани истифода аз Телеграм дар Индонезия
Манобеи индонезӣ аз мамнуъ шудани истифода аз шабакаи иҷтимоии Телеграм дар ин кишвар хабар медиҳанд.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Вазорати иртибототи Индонезия дар баёнияи шаби ҷумъа эълом кард, ба далели он ки дар Телеграм масоиле, аз ҷумла таблиғоти ифротӣ ,чигунагии сохти бомба ва анҷоми ҳамалоти террористӣ радду бадал мешавад ва аз он ҷое, ки ин масъала комилан бо Қонуни асосии Индонезия мухолифат дорад, ба ҳамин далел истифода аз Телеграм дар ин кишвар мамнуъ шуд.
Ин сомонаи паёмрасон то кунун ба иқдоми давлати Индонезия дар мамнуияти ин абзори иртиботӣ вокунише нишон надодааст
Телеграм яке аз абзорҳои иртиботии гурӯҳаки террористии ДИИШ аст.
Ин сомонаи паёмрасон чанде пеш низ аз тарафи Русия таҳдид ба филтр шуд, то ин ки Телеграм бо пазириши шароит ва қавонини Маскав фаъолияташро дар Русия идома дод.