Июл 15, 2017 19:22 Asia/Dushanbe
  • Фасоди ахлоқии густурда дар маркази фанноварии Амрико

Интишори гузориши ҷадид нишон медиҳад, минтақаи водии Силикон (Silicon Valley) маркази фанноварии Амрико дар иёлати Калифорния, бо буҳрони густурдаи фасоди ахлоқӣ, мувоҷиҳ шудааст.

Ба гузориши рӯзномаи Washington Post, мақомот ва мудирони ширкатшои фанноваӣ дар минтақаи санъатии водии Силикон (Silicon Valley) дар иёлати Калифорния, барои муқобила бо афзоиши озору азияти занон, феҳристи сиёҳ таҳия кардаанд.

Дар форме, ки ширкати "Y Combinator " ба ҳазорон корфармо ирсол кардааст аз онҳо хоста шуда, дар ин форм номи сармоягузороне, ки рафторҳои ҷинсии номуносиб доштаанд бинависанд.

Ду ширкати дигар низ дар ҳоли эҷоди чунин барномае, барои кӯмак ба қурбониён ҳастанд, то онҳо битавонанд аз ин тариқ таҷрибиёти худро дар ихтиёри дигарон бигузоранд.

Иқдоми ширкати “Y Combinator” ва дигар ширкатҳо, дар водии Силикон  вале бахше талошҳои ин санъат дар пайи расвоиҳои озору азияти ҷинсӣ аст, ки мӯҷиб шуд, ин минтақа ба унвони минтақае номуносиб барои занон шинохта шавад.

Вале минтақаи водии Силикон, ба унвони марказ ширкатҳои фанноварии Амрико, аз ҷумла “Microsoft”  ва “Apple” шинохта мешавад.

 

Барчасп