Мусулмонон қурбонии кислотапошони нажодпараст ва террорист дар Британия
(last modified Sat, 15 Jul 2017 16:16:01 GMT )
Июл 15, 2017 21:16 Asia/Dushanbe
  • Мусулмонон қурбонии кислотапошони нажодпараст ва террорист дар Британия

Мусулмонони Британия ҳамчунон дар маърази иқдомоти нажодпарастона ва террористи ростгароёни ифротӣ дар ашколи ҷадиди он ҳастанд. Дар ҷадидтарин ҷиноят дар ин замина, дар шомгоҳи панҷшанбе ба сурати панҷ мусулмон кислота пошида шуд.

Ин панҷ мусулмон дар панҷ мавқеияти мутафовит, мавриди ҳамлаи кислотапошони нажодпараст қарор гирифтанд. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ дар бораи ин ҷиноёт, вокуниши расонаҳои британияӣ ба хусус BBC ба унвони муҳимтарин ва бузургтарин бунгоҳи суханпарокании ин кишвар аст. BBC аз террористӣ ва аз нажодпарастона будани кислотапошӣ ба панҷ мусулмон дар панҷ мавқеияти мутафовит сухан нагуфт. Баръакс саъй кард, бо ишора ба торихчаи кислотапошӣ дар дигар кишварҳо ва вуқуи ингуна рӯйдодҳои талх, пошидани кислота ба рӯи мусулмононро амре оддӣ ва ношӣ аз иқдоми чанд ҷавони дузд бидонад.

Пас аз ҳамла ба яке аз мусулмонон бо кислота, як сухангуи полиси Лондон гуфт: Яке аз эҳтимолоти корогоҳон дар таҳқиқот ин аст, ки муҳоҷимон бо қасди дуздӣ ронандаҳои пайкро ҳадафи кислотапошӣ қарор додаанд ва қасд доштанд, то мотор ё василаи нақлияи онҳоро бидузданд.

Дар гузориши дигаре полиси Британия ибтидо иддао кард, ки ҳеч мадраке ҳокӣ аз ангезаи нажодӣ ё мазҳабӣ дар даст нест. Аммо Ҷамил Мухтор, яке аз қурбониёни кислотапошӣ ончи рух додаро бо исломҳаросӣ муртабит донистааст. Ба гуфтаи ӯ, агар як британияитабор ҳадафи чунин ҳамлае қарор гирифта буд, кулли кишвар басиҷ мешуд ва аз он баунвони иқдомии террористӣ ёд мекарданд .

Дар ҳафтаҳои ахир, мавориди дигаре аз кислотапошӣ ба рӯи занони муҳаҷҷабаи мусулмон гузориш шудааст. Аммо ин иқдомоти ҷинояткорона дар сатҳи расонаҳои Британия ва дигар кишварҳои аврупоӣ бозтоб надошт. Агар қурбониёни кислотапошии ахир дар Британия ғайримусулмонон буданд, мавҷи густардаи таблиғот аз террористӣ будани ин ҷиноёт дар сатҳи Британия ба роҳ меафтод. Дар мавориди бисёре дар Британия буда, ки фарде бо корд ба як нафари ғайри мусулмон ҳамла карда ва ниҳодҳои амниятӣ ва иттилоотӣ ибтидо ба дунболи ин буданд, ки оё ин иқдом террористӣ будааст ё на.

Мусулмонони Британия беш аз се миллион нафар аз ҷамъияти ин кишварро дар бар мегиранд. Онҳо баъд аз Брегзит бо маҳдудиятҳои бисёре мувоҷеҳ шудаанд. Ҳамалоти  кислотапошии ахир низ ҳарос ва нигаронии зиёдеро миёни мусулмонон эҷод кардааст. Ин тафаккур дар сатҳи маҳофили сиёсӣ ва расонаии Британия ғолиб аст, ки ислом дини мураввиҷи хушунату ифротгарӣ аст. Ҳамин тафаккур ва таблиғоти перомуни он боиси эҷоди фазои исломҳаросӣ ва исломситезӣ бар Британия ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ шудааст.

Давлати Британия аз як тараф бо Арабистони Саудӣ, ҳомии ифротгарӣ ва мураввиҷи хушунат ва тахрибкунандаи чеҳраи исломи адолатхоҳ ва сулҳталаб иртиботи стратегии густардае дорад. Аз тарафи дигар, бо ифротгаро хондани омӯзаҳои ислом худро парчамдори мубориза бо ифротгароӣ хонда ва шароити сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто иқтисодиро барои мусулмонон сахттар мекунанд. Мусулмонони Британия илова бар ин шароити сахти зиндагӣ мебоист, нигарони ҳамалоти нажодпарастонаи исломситезони ростгаро ва нажодпараст ҳам бошанд .