Июл 16, 2017 12:59 Asia/Dushanbe
  • Ифшои пардохти пули тими интихоботии Трамп ба як дафтари ҳуқуқӣ

Комиссияи интихоботии федералии Амрико, дар бораи пардохти пули тими интихоботии раисиҷумҳури феълии Амрико ба як дафтари ҳуқуқӣ, ифшогарӣ кард.

   Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Комиссияи интихоботи федералии Амрико рӯзи шанбе эълом кард, корзори таблиғоти интихоботии Доналд Трамп ҳудуди як ҳафта пеш аз ифшои хабари мулоқоти Доналд Трампи хурдӣ- фарзанди бузурги вай, бо Наталя Веселнитская вакили рус, маблағи 50 ҳазор доллар ба дафтари ҳуқуқии « Alan S. Future Fares » , ки ваколати фарзанди бузурги Трампро ба ӯҳда дорад, пардохт карда буд.

   Ба гуфтаи Доналд Трампи хурдӣ, вай бо як вакили рус дар Ню-Йорк дар замони корзори интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 дидор карда, ки эъломи ин хабар, боиси тарҳи иттиҳомоти ҷадиде дар хусуси табонии Трамп бо вакили рус шудааст.

   Писари Трамп ҳамчунин муддаӣ шуд, ба вай иттилоъ дода шуд, ки вакили рус мумкин аст, иттилооте зидди Ҳиллари Клинтон, номзади демократи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 Амрико ва рақиби Доналд Трамп дар ихтиёр дошта бошад.

 

Барчасп