Июл 17, 2017 13:28 Asia/Dushanbe
  • Модар шудани зан 60 сола пас аз солҳо дармон

Як заин 60 солаи сербистонӣ пас аз 20 сол талош ва муолиҷа, аввалин фарзанди худро ба дунё овард.

   Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал Олам, ин зани 60 сола, ки ҳамсари 68 сола дорад ва 20 сол аз издивоҷи ӯ мегузарад, пас аз солҳо талош ва муолиҷа ба хотири ноборварӣ, дар ниҳоят нахустини фарзанди худро ба дунё овард.

  Ҳамсари ин зан гуфт:"борҳо ба ҳамсараш дар бораи хатарҳои бордорӣ дар ин син ва аворизи он ҳушдор додааст, аммо ҳамсараш ҳамчунон бар модар шудан исрор дошт ба гунае, ки маҷбӯр шуд се моҳи охири бордории худро дар бемористон бистарӣ шавад".