Талоши давлати Туркия барои тамдиди ҳолати фавқулода дар ин кишвар
(last modified Mon, 17 Jul 2017 13:38:06 GMT )
Июл 17, 2017 18:38 Asia/Dushanbe
  • Талоши давлати Туркия барои тамдиди ҳолати фавқулода дар ин кишвар

Давлати Туркия бо ирсоли дархосте ба парлумони ин кишвар, тамдиди се моҳаи ҳолати фавқулодаро, ки баъд аз кудатои нофарҷоми июли соли 2016 дар ин кишвар эҷод шудааст, хостор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Ройтерс, дар баёнияе, ки дафтари нахуствазирии Туркия мунташир карда, омадааст: Кобинаи давлати Туркия аз маҷлиси ин кишвар хост, аз рӯзи чаҳоршанбе, вазъи фавқулодаро барои се моҳи дигар тамдид кунад .

Давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, аз замони кудатои нофарҷоми июли 2016 зидди давлати Туркия, токунун беш аз 130 ҳазор нафарро зиндонӣ ва аз кор барканор кардааст.  

Туркия муддаӣ аст, ки Фатҳуллоҳ Гулен бо ташкили гурӯҳ ва бо рахна дар ташкилоти қазоӣ-низомӣ-омӯзишӣ ва аркони давлатӣ, кудатои нофарҷомро созмондеҳӣ кардааст, аммо Гулен ин иттиҳомҳоро рад мекунад.

Гуфта мешавад, дар ин кудато 249 нафар кушта ва 2 ҳазору 193 нафар захмӣ шуданд .