Июл 19, 2017 13:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Қатар дар хусуси сиёсикориҳои Арабистон дар хусуси ҳаҷ

Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар рӯз сешанбе бо баёни инки Арабистон бо эҷоди монеаҳое бар сари роҳи ҳоҷиҳои қатарӣ саъй дар сиёсикории ҳаҷ дорад, ҳушдор дод, дар сурати рафъ нашудан ин мавонеъ ба Созмони милали муттаҳид шикоят хоҳад кард.

Иқдомоте назири эҷоди монеа барои эъзоми ҳоҷиҳои қатарӣ, тадовуми ҳамлаҳои расонаӣ ва ҷилавгирӣ аз мубодилаи пули Қатар дар Арабистони Саудӣ навъе сиёсикории масоили динӣ ва гунҷондани масъалаи ҳаҷ дар канори ихтилофоти сиёсӣ аст, ки Арабистон аз чунин иқдомоте ба вижа аз мавзӯи ҳаҷ барои фишори сиёсӣ алайҳи Қатар истифода мекунад. Арабистон ва ҳампаймононаш (Миср, Иморот ва Баҳрайн), панҷуми июни 2017 дар баёнияҳои ҷудогона қатъи равобити дипломатии худро бо Қатар эълом ва таҳримҳое алайҳи ин кишвар ҷорӣ карданд.

Ин чаҳор кишвар, Қатарро ба ҳамсӯ набудан бо ҷараёни арабӣ ба раҳбарии Риёз муттаҳам кардаанд. Арабистони Саудӣ соли 2016 низ ба далоили беасос монеи ҳузури зоирони бархе кишварҳои исломӣ аз ҷумла Эрон ва Сурия дар маносики ҳаҷ шуда буд. Шаҳрвандони қатарӣ дар ҳафтаҳои ахир эълом карданд, ки саудиҳо аз вуруди онҳо ба Масҷидулҳаром мамониат кардаанд ва аз онҳо хостаанд Арабистонро тарк кунанд. Агарчи Оли Сауд худро ходими Ҳарамайни Шарифиайн (Мадинаи Мунаввара ва Маккаи Мукаррама) медонад, бо ин ҳол ин режим бар хилофи иддаоҳояш ҳамвора ба ин имтиёзи мазҳабӣ нигоҳе сиёсӣ ва абзорӣ доштааст.

Таҳлилгари масоили сиёсии Лубнон хонум Марво Усмон дар ин замина гуфт: Режеми Оли Сауд ин ихтиёрро надорад, ки монеи анҷоми маносики ҳаҷи мусулмонон шавад. Вай афзуд: Режими Оли Сауд наметавонд тасмим бигирад чӣ касе барои иҷрои маносики ҳаҷ ба Арабистон биравад ва чӣ касе наравад? Зеро ҳаҷ ба ҳамаи мусулмонони дунё тааллуқ дорад ва касе наметавонд иддаои моликияти онро дошта бошад.

Оли Сауд дар пайи ҳар гуна ихтилоф ва танише бо кишваре фурсати динӣ ва шаръии ҳаҷро аз шаҳрвандони он кишвар мегирад. Дар ин росто Оли Сауд тайи солҳои ахир шаҳрвандони эронӣ, сурӣ, яманӣ ва ахиран низ дар садад аст то шаҳрвандони қатариро ба таври комил аз анҷоми фаризаи ҳаҷ маҳрум кунад.

Дар хусуси Эрон низ ҳукумати саудӣ авохири соли 2015 равобити худ бо Ҷумҳурии Исломии Эронро қатъ кард ва дар пайи он шаҳрвандони эронӣ дар соли 2016 ба баҳонаи қатъи робитаи Арабистон бо Эрон аз анҷоми фаризаи ҳаҷ маҳрум шуданд.

Оли Сауд акнун низ ба далели ихтилоф ва таниш бо давлати Қатар, ки сабаби қатъи равобит бо ин кишвар шуд, аз вуруди қатариҳо ба Масҷидулҳаром мамониат мекунад, ки ин мавзӯъ баёнгари тадовуми сиёсикориҳои Оли Сауд дар хусуси ҳаҷ аст.

Иқдомоти Оли Сауд дар истифодаҳои абзорӣ аз мазҳаб, фароиз ва намодҳои мазҳабӣ барои пайгирии мақсадҳои сиёсӣ дар ҳоле аст, ки дар ҳуқуқи байналмилал аз ҳуқуқи мазҳабӣ ба унвони ҳуқуқи асосӣ ва ғайриқобили нақз ёд шудааст.

Мудириятҳои мукаррари бади Оли Сауд дар хусуси маросими ҳаҷ дар тули солҳои гузашта ҷойи тардидеро боқӣ нагузоштааст, ки ин режими бадавӣ бо ақоиди инҳирофӣ салоҳияти идораи умури ҳаҷро надорад. Пешниҳодоти матраҳшуда дар ҷаҳони ислом мабнӣ бар зарурати посухгӯии оли Сауд ба хостаҳои мусулмонони ҷаҳон дар хусуси баргузории саҳеҳи маросими ҳаҷ ва супурдани мудирияти умури ҳаҷ ба кумитае мустақил аз ҷаҳони ислом, баёнгар он аст, ки тавҷеҳоти Оли Сауд дар хусуси қабулондани сиёсикориҳои худ дар хусуси ҳаҷ, ҳеҷ мақбклияте дар назди афкори умумӣ надорад.

Пажӯҳшгари ҷунбишҳои исломгароии Сурия дар ин замина бар идораи ҳаҷ хориҷ аз сайтараи Арабистон таъкид кард. Ҳисом Шуъайб, бо баёни инки ходимони худхондаи Ҳарамайни Шарифайн то кунун дар ҳурматшикании Каъба аз ҳеҷ чиз фурӯгузор накардаанд, гуфт: Мусулмонон бояд муқаддасоти худро аз сайтараи Оли Сауд наҷот диҳанд. Шуъайб бо ишора ба инки режими Оли Сауд ҳамвора фоқиди лиёқат ва мудирияти Ҳарамайни Шарифайн ва ҳамчунин таъмини амнияти ҳоҷиён будааст, афзуд, идораи ҳаҷ бояд хориҷ аз масоили сиёсӣ ва ҳукуматӣ ва ҷузъи вазоифи Созмони ҳамкории исломӣ бошад.

Барчасп