Июл 21, 2017 20:32 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Пойгоҳҳои Амрико дар Сурия ғайриқонуниянд

Вазири умури хориҷии Русия гуфт, пойгоҳҳои низомии Амрико дар Сурия ғайриқонуниянд.

Ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”, Сергий Лавров рӯзи ҷумъа афзуд, музокирот бо Амрико дар бораи эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар ҷануби Сурия идома дорад. Лавров таъкид кард, ҷузъиёти марбут ба чигунагии иҷрои амалиёт барои замонати иҷрои оташбас, дастрасии номаҳдуд ба кумакҳои башардӯстона ва ҷобаҷогузории ғайринизомиён дар ҷануби Сурия дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст.

Вазири умури хориҷии Русия дар бораи иттиҳомоте, ки Майк Помпео, раиси Созмони ҷосусии Амрико дар бораи мудохилаи Русия дар интихоботи Амрико матраҳ кардааст, низ гуфт, ин иттиҳомот берун аз чорчӯби ақл аст. Амрико Русияро ба мудохила дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 аз тариқи рахнаи ҳаккерӣ ба компютерҳои ситоди интихоботии демократҳо, интишори асноди маҳрамона ва эъзоми тими таҳқиқотӣ ба ситоди интихоботии Доналд Трамп муттаҳам мекунад. Вале Русия ҳар гуна мудохиларо дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рад кардааст.

 

Барчасп