Трамп вазири беҳдошташро таҳдид кард
Раисҷумҳури Амрико вазири беҳдошти кобинаи худро таҳдид ба ихроҷ кард.
Ба гузориши рӯзномаи олмонии “Дай велт”, Доналд Трамп дар ҷамъи 40 ҳазор навҷавони узви созмонҳои пешоҳнагӣ дар иёлати Вирҷинияи ин кишвар хитоб ба Том Прайс, вазири беҳдошти Амрико гуфт, агар тарҳи ислоҳи Қонуни беҳдошт – “Obamacare” дар Сенат шикаст бихӯрд, ӯро барканор хоҳад кард.
Қонуни хадамоти дармонии Амрико мавсум “Obamacare” бо ибтикори Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико моҳи марти соли 2010 дар Конгресси Амрико тасвиб шуд. Бар асоси ин қонун, пӯшиши хадамоти дармонӣ дар Амрико густариш ёфта, бархе аз маҳдудитҳо дар роҳи дастрасӣ ба ин хадамот бардошта шуд. Шуморе аз ҷумҳурихоҳон ин тарҳро ба иллати афзоиши мудохила ва масрафи давлат дар бахши хадамоти дармонӣ мавриди интиқод қарор додаанд ва яке аз меҳварҳои таблиғотии Доналд Трамп дар муборизоти интихоботӣ лағви ин қонун буд. Трамп ваъда дода буд, ки бо лағви ин қонун Қонун хадамоти дармони дигареро пешниҳод хоҳад кард, ки каммасрафтар ва муассиртар бошад, аммо то кунун дар ин замина муваффақ ба ҷалби назари мусоиди ҳама сенаторҳо, ҳатто сенаторҳои ҳизби худ ҳам нашудааст.