Июл 25, 2017 20:12 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди ҳамлаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба Амрико

Кореяи Шимолӣ эълом кард, ҳар гуна талоши Вашингтон барои тағйири режими Пхенян ба ҳамлаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба Амрико хатм хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии ин кишвар изҳороти ахири Майк Помпео, раиси Созмони ҷосусии Амрикоро маҳкум карда ҳушдор дод: «Агар кӯчактарин нишонае аз талоши Амрико барои барканор кардани раҳбари Кореяи Шимолӣ мушоҳида шавад, мо бо қудрати ҳастаии худамон ҳамлаи бераҳмонаро ба қалби Амрико анҷом хоҳем дод».  Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ ҳамчунин эълом кард, изҳороти ахири Помпео нишон дод, ҳадафи ниҳоии давлати Трамп тағйири режим дар ин кишвар аст.

Помпео ҳафтаи гузашта ба эҳтимоли тағйири режим дар Кореяи Шимолӣ ишора карда гуфт, муҳимтарин иқдоме, ки Амрико метавонад анҷом диҳад, ҷудо кардани тавоноии ҳастаӣ аз касе аст, ки мумкин аст, нияти ҳамлаи ҳастаӣ дошта бошад.