Август 11, 2016 16:33 Asia/Dushanbe
  • Оташбаси маҳдуд дар Сурия ва нақзи он аз сӯйи террористҳо

Оташбаси маҳдуд дар вилояти ҳалаби Сурия имкони хурӯҷи мардумро аз манотиқи даргирӣ афзоиш додааст, аммо террористҳо оташбасро нақз мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ҳамзамон бо эъломи иҷрои оташбас рӯзона ба муддати се соат дар минтақаи Ҳалаби Сурия хурӯҷи мардум аз гузаргоҳҳои амн густариш ёфтааст.

Оташбас ҳар рӯз соати 10-и субҳ оғоз мешавад ва соати 13 ба поён мерасад. Ин дар ҳолест, ки Маркази русии ҳамоҳангии оташбас дар Сурия дар баёнияе рӯзи панҷшанбе аз ҳашт мавриди нақзи оташбас аз сӯйи террористҳои "Ҷайш-ул-Ислом" ва "Аҳрор-уш-шом" дар 24 соати гузашта хабар дод.

Дар пайи ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ ба маҳаллаи ал-Ҳамидияи шаҳри Ҳалаб 16 ғайринизомӣ ҷон бохта, 67 нафар низ захмӣ шудаанд, ки бештари қурбониён кӯдак ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, Русия аз амалиёти густардаи низомиёни сурӣ дар саркӯб кардани террористҳо барои поён додан ба ишғоли Ҳалаб пуштибонии ҳавоӣ мекунад. Ба гуфтаи Сергей Рудсков, раиси идораи амалиёти Ситоди кулли артиши Русия, наздик ба ҳафт ҳазор террорист дар Ҳалаб ҳузур доранд.