Август 11, 2016 16:36 Asia/Dushanbe
  • Саркӯби ҷонибдорони Гулен дар Туркия ва идомаи кашмакашҳои Аврупо ва Анкара

Вазири мушовир дар умури порлумонии Фаронса бо ишора ба раванди узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо, рафтори Туркияро дур аз стандартҳои аврупоӣ донист.

Жан Мари Ли Гуен, вазири мушовир дар умури порлумонии Фаронса дар хусуси раванди пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо гуфт, Туркия бидуни дар назар гирифтани ҳокимони он, кишваре бузург ва дорои тамаддун ва як қудрати аврупоӣ аст, аммо раванди узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли ҳозир даргири мушкилоти бисёре аст ва пешрафте надоштааст.

Ин мақоми фаронсавӣ далели адами пешрафти раванди узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупоро моҳияти ҳокимият дар ин кишвар донист ва ин ки ба гуфта ӯ яке аз ин далоилро бояд дар пешина ва торихи ҳуқуқи башар дар Туркия ҷустуҷӯ кард.

Ли Гуен таъкид кард, ки ҳокимияти сиёсӣ, унсурҳои қонуни асосӣ ва шеваи ҳукумати давлати Туркия дар бисёре аз маворид дур аз стандартҳои аврупоӣ аст.

Пеш аз ин низ Жан Клод Юнкер, раиси Камиссиюни Аврупо тайи изҳороте бо ишора ба кудатои нофарҷоми ахир дар Туркия гуфта буд, ки ин кишвар дар ҳоли ҳозир шароити пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро надорад ва дар шароите нест, ки битавонад дар кӯтоҳмуддат ё ҳатто дар баландмуддат ба Иттиҳодияи Аврупо бипайвандад.

Воқеият он аст, ки миёнаҳои моҳи июл бахше аз нерӯҳои артиши Туркия дар Истанбул ва Анкара вориди хиёбонҳо шуданд ва бо эъломи кудато алайҳи давлат, контроли умурро дар даст гирифтанд ва манотиқи мухталиф, аз ҷумла фурӯдгоҳҳо, порлумон ва сохтмони радио ва телевизиони давлатиро таҳти контроли худ дароварданд. Ҳаракате ки бо дахости раиси ҷумҳурии Туркия аз мардум, мабнӣ бар ҳузур дар хиёбонҳо ба шикасти кудато мунҷар шуд.

Тасаллути давлат бар кишвар ва шикасти кудаточиён  аммо сабаби оғози мавҷи шадиди дастгирӣ ва боздошти гурӯҳи васеъе аз афсарони аршади артиш, додрасҳо ва устодони донишгоҳҳои мухталиф шуд, ки ба заъми давлати Туркия ҳамсӯ бо Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари ҷумбиши "Хизмат" аз кудато ҳимоят карданд.

Бастани мадориси Гулен дар Туркия ва поксозии ниҳодҳои мухталифи ҳукуматӣ ба баҳонаи муқобила бо ҷумбиши "Хизмат" ва низ тарҳи мавзӯи эҳёи муҷозоти эъдом дар кишвар бо ҳадафи танбеҳи кудаточиён, маҷмӯаи шароите буд, ки сабаби тавваҷуҳи бештари ҷомеаи аврупоӣ ба таҳаввулоти даврони пасокудато дар Туркия шуд.

Руйкарде, ки бо вокуниши давлатҳои аврупоӣ ҳамроҳ буд, аммо бо вуҷуди ин ҳамчунон раиси ҷумҳурии Туркия бар идомаи муқобила бо мухолифон ва ҷумбиши "Хизмат" ба раҳбарии Фатҳуллоҳ Гулен таъкид дорад.

Аз ин рӯст, ки раиси ҷумҳурии Туркия дар охирин изҳори назари худ "Гуленизм"-ро ба вирус ташбеҳ кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин бора гуфтааст, модоме ки аъзои Созмони террористии Фатҳуллоҳ Гулен дар Туркия ҳузур доранд, саркӯби онҳо идома хоҳад дошт.

Дар ҳамин росто, вазири иқтисоди Туркия низ аз таътили тамоми компанияҳо ва ширкатҳои вобаста ба созмони террористии Фатҳуллоҳ Гулен сухан гуфтааст. Булент Туфангчӣ дар ҷамъи туҷҷор ва бозаргонон дар Анкара гуфт: "Байни 200 то 250 ширкат вз сӯйи гурӯҳи Фиту (Гулен) идора мешаванд, ки тамоми онҳо баста хоҳанд шуд".

Маҷмуаи шароите, ки баид ба назар мерасад, таъсири таъйинкунандае бар иқтисоди ҷомеаи Туркия надошта бошад.

Бо ин ҳол, давлати Анкара ҳамчунон бар мубориза  бо ҷумбиши Гулен таъкид дорад, ки маънӣ ва мафҳуми он идомаи мавҷи боздоштҳо ва дастгир карданҳо аст. Вазъияте ки дастикам Амрикоро дар баробари Туркия қарор додааст. Иттиҳом алайҳи Гулен, мабнӣ бар дахолати вай дар кудатои нофарҷом ва таъкид бар истирдоди вай ва низ мухолифат бо рафтори ба гуфтаи ғарбиҳо ғайриқонунии давлати Туркия дар эъмоли сиёсатҳои сахтгирона алайҳи ба истилоҳ кудатогарон, вазъияте аст, ки ҳокӣ аз идомаи кашмакаши маҷмӯаи давлатҳои ғарбӣ ва Анкара дар хусуси таҳаввулоти пас аз кудато дар ҷомеаи Туркия аст.