Июл 30, 2017 13:49 Asia/Dushanbe
  • Поёни мудорои Путин бо раисиҷумҳури Амрико

 Хабаргузории “Ройтерз” натиҷаи таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Русияро,  поёни мудорои раисиҷумҳури ин кишвар бо ҳамтои амрикоиаш хонд. 

  Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон”, Ройтерз бо ишора ба тасмими Маскав барои муқобила ба мисл бо Вашингтон дар пайи таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди Русия, навишт, иқдоми талофиҷӯёнаи Маскав ба ихроҷи дипломатҳои амрикоӣ ба ин маъно аст, ки рӯзҳои мудорои Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо Доналд Таромп, раисиҷумҳури Амрико басар омадааст.

  Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа эълом кард, Амрико бояд шумори коркунони сафоратхона ва намояндагиҳои худро дар Русия ба 455 нафар коҳиш диҳад.

 Бар асоси тасмими давлати Русия, ҳамчунин истифодаи сафорати Амрико аз истироҳатгоҳи Серебряний Бор ва анборҳои дипломатии хиёбони “Дорожный” дар маркази Маскав, мутаваққиф мешавад.

 Маскав пас аз он, тасмим ба муқобила ба мисл бо Вашингтон гирифт, ки Маҷлиси Сенати Амрико рӯзи панҷшанбе, тарҳи таҳрими Русияро ба тасвиб расонд ва Кохи Сафед низ рӯзи ҷумъа эълом кард, Трамп ин мусаввабаро имзо мекунад.

 Ройтерз навиштааст, дар чунин шароите орзӯи Трамп барои беҳбуди равобит бо Русия барбод рафтааст ва равобити ду кишвар ҳамчунон печида ва тира боқӣ хоҳад монд.

 

Барчасп