Июл 31, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ ба сафорати Ироқ дар Кобул

Гурӯҳе аз муҳоҷимони мусаллаҳи ношинос, пеш аз зӯҳри имрӯз ба сафорати Ироқ дар Кобул ҳамла карданд.

  Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Садо ва симои Эрон, ин ҳамла дар минтақаи дипломатинишини Вазир Акбархон рӯй додааст.

  Муҳоҷимон шаш нафар буданд, ки як нафар аз онҳо худашро дар вурудии сафорати Ироқ мунфаҷир кард ва сипас муҳоҷимони дигар вориди бинои сафорат шуданд.

 Пеш аз ин ҳамла, садои чаҳор инфиҷори пайдарпай дар Кобул шунида шуд.

 Болгардҳои низомӣ бар фарози осмони Кобул ба парвоз даромадаанд ва маъмурони амниятӣ аз сокинони биноҳои атрофи маҳалли инфиҷор хостанд, ки маҳалли кор худро тарк кунанд.

  Маҳдӣ Маҳмудободӣ хабарнигори хабаргузории Садо ва симои Эрон, ки барои таҳияи гузориш аз инфиҷори наздики сафорати Ироқ дар Кобул ба ин маҳалл рафта буд, аз ноҳияи по маҷрӯҳ шуд.

  Ҷузиёти бештари ин хабар ба зуддӣ мунташир мешавад.

 

Барчасп