Июл 31, 2017 16:38 Asia/Dushanbe

Маҳдии Маҳмудободӣ, хабарнигори хабаргузории садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон дар инфиҷорҳои рӯзи душанбеи маркази шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон захмӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҳмудободӣ, ки барои таҳияи гузорише ба маркази Кобул рафта буд, ҳамзамон бо инфиҷори чаҳорум, аз ноҳияи по захмӣ шуд .

Чаҳор инфиҷори террористии паёпай субҳи рӯзи душанбе дар минтақаи Шаҳри Нав дар маркази шаҳри Кобул, муқобили сафорати Ироқ дар пойтахти Афғонистон рӯй дод.

Муҳоҷимони мусаллаҳ, пас аз ин инфиҷорҳо вориди сафорати Ироқ шуданд ва ба самти маъмурон шиллик карданд.  

Сафорати Ироқ дар шимоли ғарбии Кобул воқеъ шудааст ва чандин бонк, фурӯшгоҳи бузург ва сохтмони полис низ дар ин минтақа қарор дорад .

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъуляти ин ҳамалотро ба уҳда гирифт .

Ҳануз омори қурбониёни ин ҳамалоти террористӣ мунташир нашудааст .