Вокуниши Кремлин ба иқдоми Конгресси Амрико
Кремлин аз Амрико хост, аз "шизофренияи сиёсӣ" даст бардорад.
Ба нақл аз Раша Тудей, Дмитрий Песков, сухангуи Кохи Кремлин бо ишора ба таҳримҳои зидди русии ҷадиди Амрико гуфт: Маскав ин ҳақро барои худ қоил аст, ки иқдомҳои танбеҳии бештаре алайҳи Амрико анҷом диҳад, аммо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия муътақид аст, ҳануз замони вокуниш ба таҳримҳои Амрико фаро нарасидааст .
Песков таъкид кард: Замоне, ки тасмим гирифта шавад, Маскав омодагии комилро барои иқдоми мутақобил дар бораи таҳримҳои Амрико дорад .
Сухангуи Кремлин аз Амрико хост, алоқаи худро ба беҳбуди равобит бо Русия дар амал нишон диҳад ва даст аз "шизофренияи сиёсӣ" бардорад .
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи аввали телевизионии ин кишвар гуфт: 755 нафар аз коркунон ва намояндагиҳои дипломатии Амрико дар Русия ихроҷ хоҳанд шуд .
Беш аз ҳазор корманду дипломат дар сафорату сарконсулгариҳои Амрико дар Русия фаъолият мекунанд .
Амлоки дипломатии Амрико низ дар Русия аз оғози моҳи август тавқиф мешавад .